БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУЛОҚОТ БО САРБОЗОН ДАР ҚИСМИ НИЗОМӢ

ҶАЙҲУН. Оид ба ташкили вохӯрӣ бо афсарону сарбозон, бурдани корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ баҳри баланд бардоштани руҳияи аскарон, бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ҳувияти миллӣ, муҳаббат ба Ватан -Модар, гиромидошти арзишҳои олӣ чун ваҳдату Истиқлолияти миллӣ, масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Истиқлол” Ҳайдарзода Зикрулло аз Қисми низомии №2-и ноҳияи Ҷайҳун ба номи Г. Самохвалов дидан намуданд.

Зимни мулоқот бо афсарону аскарон масъулин атрофи мавзуъҳои мавқеи Артиши миллӣ дар низоми давлатдорӣ, саҳми чавонон дар ҳимояи марзу буми кишвар, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, баромад намуда, онҳоро барои ҳифзи Ватан талқин намуданд. Дар суҳбат қайд гардид, ки Ҳукумати Тоҷикистон баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ, беҳтар гардонидани шароити моддию техникӣ ва вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста тадбирҳои саривақтӣ меандешад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg