БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ИФОДАГАРИ ЗИНДАГИСТ

ҶАЙҲУН. Оид ба  шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки гурӯҳи тарғиботии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун  дар Қасри фарҳанги Ҷамоати  шаҳраки Дӯстӣ бо аъзои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Балхӣ”, “Мирсаид Миршакар”, “Шоҳин”, “Баҳор”, “Б.Марвазӣ” ва “Спитамен” вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод ба сухан баромада, аз  муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ёдовар шуда, Паёмро ҳамчун раҳнамо баҳри зиндагии шоиста ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз муаррифӣ намуд.

Пас аз он собиқадори меҳнат дар ноҳия Қобил Зулматов ба сухан баромада, доир ба самтҳои дигари дар Паём зикршуда, андешаҳояшро иброз намуд. Инчунин, бо истифода аз фурсати муносиб бо омад-омади фасли баҳор ва сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қуваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳар як падару модар хоҳиш ва даъват ба амал овард, ки дар замири фарзандони худ садоқат ба Ватан-Модарро омӯзанд ва барои адо намудани қарзи фарзандию ҷавонмардӣ барои хизмат дар сафи Қуваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон омода ва раҳнамун созанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg