ҶАЙҲУН. Баҳри истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки масъулинни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун, фаъолони деҳаҳои Ҳомиён, Меҳнатобод ва Панҷшери Ҷамоати деҳоти Қумсангир Аксияи ободонӣ зери унвони “Якҷоя месозем!” баргузор гардид.
Дар рафти баргузории Аксияи мазкур сокинон барои бунёду барқарорсозии пули роҳи асосии дохили деҳа ба ҳашари дастаҷамъона баромада, дар як муддати кӯтоҳ ин гузаргоҳро, ки солҳои тӯлонӣ фарсудаву корношоям гардида буд, аз нав бунёд ва барқарор намуданд.
Бояд қайд кард, ки сокинони ноҳия сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои ободу зебо гардонидани маҳалли худ камари ҳимат бастанд.