ҶАЙҲУН. Суҳбату мулоқот оид ба истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ миёни саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ва ҷалби мутахассисони соҳа дар деҳаи ба номи Сайдалӣ Вализодаи Ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллии ноҳияи Ҷайҳун баргузор гардид.
Зимни мулоқот мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун Бекмамадов Асалмамад иброз дошт, ки истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ боиси таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал буда, ҳамзамон дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми назаррас дорад.
Ҳамчунин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки: “Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст”. Аз ин рӯ, дар ҳар баромадҳои худ таъкид месозанд, ки заминро самаранок истифода баред ва на кам аз ду-се ҳосил рӯёнед.