БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ ҲИДОЯТГАРИ АМАЛҲОИ СОЗАНДА

ХУРОСОН. Бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар нохияи Хуросон Ғуломов Саидасрор дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Навзамин”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ оид ба тарғибу ташвиқи Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, ки зимни Паём баён намуданд мулоқот доир гардид.

Дар вохӯрӣ  Ғуломов Саидасрор ҷиҳати пешгирии падидаҳои номатлуби ҷомеа миёни ҷавонон, хусусан шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, эмин нигоҳ доштани ҷавонон аз хатару таҳдидҳои терроризму экстремизм, иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", уҳдадориҳои волидайн нисбати тарбияи фарзандон, назорати ҷиддии волидайн, маҳдудияти истифодаи ғайримақсадноки телефонҳои мобилӣ, баланд бардоштани савияи дониши хонандагон, ташкили чорабиниҳои маърифатию тарбиявӣ миёни ҷавонон, эҳтироми арзишҳои миллӣ, ҳифзи фарҳанги ниёгон, аз байн бурдани тамоюлҳои бегонапарастӣ, одобу ахлоқи намунавӣ, эҳтироми калонсолон, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва дар руҳияи ободкориву созандагӣ ҳидоят намудани ҷавонон ва инчунин, истифодаи сарфакоронаи қувваи барқ ва риояи қоидаҳои беҳдошти санитарию гигиенӣ ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ суханронӣ намуда, ҷамъомадагонро барои татбиқи амалҳои созанда, истиқболи сазовор аз ҷашнҳои дарпешистодаи Наврӯзи байналмилалӣ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳидоят кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg