БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ- МУАЙЯНКУНАНДАИ РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР

Н.ХУСРАВ.  Кормандон Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо наврасону  ҷавонон, аз ҷумла   сокинони  деҳаи  Арбхонаи  Ҷамоати  деҳоти  Истиқлол дар  муассисаи  таҳсилоти  миёнаи  умумии  № 13 суҳбату  вохӯриҳо  баргузор  намуданд.

Масъулин  ба  ҷавонон вазъи  мураккаби  сиёсиву  иқтисодӣ ва иҷтимоии  давлатҳои  пешрафта, таъсири  бемории  сироятии  коронавирус  дар   рушди иқтисоди  давлатҳои сайёра, сатҳи  огоҳии   сокинонро  оид ба  пешгирии  беморӣ, ташаккули  тарзи  ҳаёти  солим, истифодаи  самаранок  ва сарфакоронаи нерӯи  барқ, ба  роҳ  мондани  корҳои  созандагиву  ободонӣ, татбиқи  аксияҳои  ҳизбии «Якҷоя  месозем!» , «Якҷоя  ҳал  мекунем!» фаҳмонида,  қайд  намуданд, ки  давлату  Ҳукумати  кишвар барои   баланд бардоштани  сатҳи  саводу  маърифатнокии    ҷавонон ва  дар  навбати  аввал, наврасон, тақвияти  ҳисси  миллӣ, ватандӯстиву ватанпароварӣ, рушди  илмҳои  дақиқу  табиӣ  дар  кишварамон  таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Чавонон дар  рушди  тамоми  соҳаҳои  иқтисодиву  иҷтимоии  кишвар саҳми  бисёр  арзишманд   гузошта,  нақши  онҳо  барои  иштирок дар бунёди  иншооти  азими мамлакат то  хизмати  содиқона дар  сафи  Қувваҳои  Мусаллаҳ-ҳифзи  сарҳадоти  давлатӣ, суботу  ормии  давлат ва  ҳаёти  осоиштаи  мардуми  кишварамон  боиси  фтихори  ҳар  яки  мо мебошад. Масъулин ба  ҷавонон  муроҷиат  намуда,  таъкид  карданд, ки  ба  мову  Шумо  зарур  аст, ки  дар  амалӣ  намудани  муҳтавои  Паёми  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Пешвои  миллат, Раиси  муаззами  ҲХДТ  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон сарҷамъ  бошем ва  бо  кору  амали  созанда    ва хониши  аъло  дар  таъмини  рушди  устувори  иқтисодии  кишварамон саҳми  шоиста  гузорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg