АНДЕША. Ҷавонони Тоҷикистони муосир, хусусан онҳое, ки зодагони даврони соҳибистиқлолияти давлат ҳастанд, аз зумраи хушбахттарин инсонҳо ба шумор мераванд. Воқеан, ҳам баъди ҳазорсолаҳои таърихи пурфоҷеаи миллат, дар қатори мурдуми соҳибиқболи мамлакат, ин табақаи ҷомеа дар шароити сулҳу оромӣ ва рушду нумӯи Тоҷикистон умр ба сар мебаранду дар мактабҳои олии Ҷумҳурӣ ва хориҷа таҳсили илм намуда, соҳиби касбу ҳунар мегарданд. Заҳмату талошҳои пайваста ва доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ба ин рӯзҳои нек расидем. Аз ҳамин лиҳоз ҳар як ҷавони бонангу номус бояд ба қадри ин ҳама ғамхориҳои Пешвои миллат расад ва саъю талоши худро баҳри донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, рушди илму техника, бунёдкорӣ, ободонию созандагӣ ва ба пешрафти сарзамини аҷдодӣ дареғ надорад. Дар доираи сиёсати ватандӯстона ва маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат, барои ғанӣ гардонидани тафаккури маънавии насли ҷавон дар кишвар садҳо муассисаҳои олӣ, коллеҷу литсейҳо ва муассисаҳои таълимии замонавии ҳозиразамон бунёд гардида, бо беҳтарин таҷҳизотҳо ва шароити арзанда муҳайё мебошанд. Ҷавононро мебояд имкониятҳои мавҷударо васеъ ва самаранок истифода намоянд, зеро даврони ҷавони ба мисли дарёи равон гузарон асту бебозгашт. Ҷавононро зарур аст, ки аз Пешвои муаззами хеш пайравӣ ва ифтихор намоянд, зеро мо хушбахтарин ва баландтолеътарин ҷавонони даврони хеш ҳастем, ки мавқею манзалатамон аз ҷониби Сарвари давлат ва ҳукумати кишвар эътироф мегардад.
Бигузор ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбаранда илҳомбахши кору пайкор, ворисони арзандаи миллату давлат ва тақдирсози роҳи имрӯзу ояндаи Тоҷикистон бошанд!
Ҳамагон медонем ва огаҳ ҳастем, ки дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 16 ноябри соли 1992 баргузор гардида буд, роҳбари ҷавони давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Парчами давлатӣ ба зону зада савганд ёд карда гуфтанд, ки «Савганд ба номи поки Худо, савганд ба шири сафеди модарам то охирин гурезаро ба Ватан бар нагардонам ором намеистам ва барои таъмини амният ва сулҳу суботи Тоҷикистони азизам ҷони худро дареғ намедорам…» Воқеан ҳам Пешвои миллат ба ин гуфтаҳои худ содиқ монданд ва то охирин гурезаро ба Ватан баргардонида, барои мардуми шарифи Тоҷикистон сулҳу оромӣ оварданд.
Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ солҳои 1992 – 1993 Сардори давлати тозабунёди Тоҷикистон бо амалҳои ҷавонмардона ва шуҷоъатмандонаи худ дар дилу дидаи мардум, шӯълаи умедро афрӯхтанд. Ҷони азизи хешро ба хатар гузошта бо чархбол ба минтақаи Хустдеҳи Афғонистон парвоз карда, суҳбату вохӯриҳоро бо гурезагоне, ки ба ин минтақа рафта буданд ба роҳ монданд. Ҳамзамон бо лашкаркаши маъруфи тоҷиктабори Афғонистон марҳум Аҳмадшоҳи Масъуд суханронӣ намуда, баҳри баргардонидани гурезагони тоҷик чораҳои заруриро андешиданд.
Аз ин рӯ ҳар яки мо ҷавонони даврони истиқлолиятро зарур аст, ки бояд ба қадри ин ҳама неъмати бебаҳо, ки тинҷиву оромист бирасем ва баҳри рушду нумуи он ҳар чи, ки аз дастамон меояд дареғ надорем. Зеро, ки ин ҳама тинҷиву оромие, ки имрӯз ба дасти мо омада расидааст маҳз бо заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат ва ҷавонмардони бонангу номуси диёрамон аст. Бузургонамон ҳарчи, ки аз дасташон омад баҳри беҳбудии диёри аҷдодӣ дареғ надоштанд. Мо низ вазифадорем, ки барои наслҳои оянда як Ватани азизу маҳбубро ба мерос гузорем.
Нозиров Хайём, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон