БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАВРӮЗ ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН

АНДЕША. Имрӯз, ки мо дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ, яъне Наврӯзи байналмилалӣ қарор дорем мехоҳам суҳбате дошта бошам оид ба ин ҷашни аҷдодиямон.

Чи гунае, ки аз таърих ба мо маълум аст Наврӯз - яке аз қадимтарин идҳои миллии тоҷикон ба шумор меравад. Тавре, ки дар китобхои таърихӣ омадааст.  

Аҷдоди соҳибфарҳанги мо дар таърихи беш аз панҷҳазорсолаи Наврӯз онро ҳамчун суннати муқаддасу муборак аз насл ба насл мерос гузошта, бо ҳама рангорангиву рӯҳи зиндагисозаш гиромӣ доштааст ва барои пойдории он талош варзидааст.

Бо кӯшишу талоши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ҷонибдорию пуштибонии як қатор кишварҳои ҷаҳон   23-юми феврали соли 2010-ум қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул шуд, ки дар он 21-уми март таҷлили Ҷашни Наврӯз - ба унвони ҷашни байналмилалӣ эътироф гардид.

Дар сатҳи ҷаҳонӣ чунин тадбирандешӣ баҳри эҳёи таърихи иди Наврӯз ва таҷлили минбаъдаи ин суннат, барои миллати соҳибҷашни тоҷик як тафохури бузург аст. Таҳқиқ ва эҳё намудани оину анъанаҳои бостонии иди Наврӯз ва бузургдошти сатҳи баланди он, ҳамчун арзиши бебаҳо барои меросбарони ояндаи миллати мо бояд вазифаи муқаддас бошад.

Наврўз идест, ки бо олами ҳастӣ, бо табиат ва обу хоки он иртиботи ногусастанӣ дорад. Мардум барои гиромидошти ин муқаддасот асрҳо Наврӯзро бо тантана ҷашн мегирад. Тоҷикон ифтихор мекунанд, ки ниёгонашон сарчашмадори ин ҷашни бузург будаанд.

Наврӯз аз тамоми ҷашнҳои гузашта барои мардуми мо азизу мукаррамтар аст. Чунки ин ҷашн аз қадимулайём рамзи оғози нек буда, мардумро ба зиндадилӣ, кӯшишу ғайрат, дӯст доштани арзишҳои инсонӣ ва табиату зиндагӣ водор менамояд.

Дар сарчашмаҳои бостонии форсизабон роҷеъ ба таърихи пайдоиш ва моҳияти ҷашни Наврӯз маълумотҳои зиёде дода шудааст. Мардумони ориёитабор баъди қабули дини мубини Ислом низ аз ин ҷашни бузург, ки муҳимтарин мероси фарҳангии ниёгонашон маҳсуб мешуд, даст накашиданд ва аз он ҳамеша ҳимоя ва риоя карданд. Гузашта аз ин, пажӯҳиш ва таълифи таърихи Наврӯз ба як мавзӯи муҳими таҳқиқоти мутафаккирон ва муаррихони мусулмон табдил ёфт.

Аз байни мутафаккирони мусулмони форсу тоҷик ба ин масъала, аз ҷумла, Муҳаммад Ҷарири Табарӣ (дар «Таърихи паёмбарон ва шоҳон»), Абуалӣ Муҳаммади Балъамӣ (дар «Таърихномаи Табарӣ» — тарҷумаи такмилдодашудаи дарӣ-тоҷикии «Таърихи паёмбарон ва шоҳон»), Абулқосими Фирдавсӣ (дар «Шоҳнома»), Абӯрайҳони Берунӣ (дар «Тафҳим» ва «Осор ул-боқия»), Низомулмулк (дар «Сиёсатнома»), Умари Хайём (дар «Наврӯзнома») таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд.

Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва «Таърихномаи Табарӣ»-и Балъамӣ поягузори ҷашни Наврӯз - яке аз шоҳони сулолаи устуравии Пешдодиён - Ҷамшед мебошад, ки дар Авасто ва адабиёти авастоӣ бо номи Йима зикр шудааст.

Дар баробари ин, Наврӯз, ба ғайр аз он маъниҳое, ки дар ривоятҳои мухтадифи динӣ ва мазҳабӣ ба он дода шудаанд, инчунин, ифодагари оғози айёми баҳор ва эҳёи табиат низ мебошад ва маҳз бо ҳамин маънӣ дар назми классикии форсу тоҷик ба ҳайси як мавзӯи муҳими эҷодӣ мақом ёфтааст. Бо ҳамин маънӣ Наврӯз ҳамчун як сарчашмаи илҳом аз одамушшуаро Рӯдакӣ сар карда то шоирони муосири тоҷик, ҳамаро яксара мафтун ва масту махмури худ кардааст ва беҳтарину зеботарин сатрҳои шеъри ноби форсӣ-тоҷикӣ ба тараннуми он бахшида шудаанд.

Шояд дар олам мисли Наврӯз камҷашне вуҷуд дошта бошад, ки русуми дилчасп ва суннатҳои зиндагисози онро миллату халқҳои дигари олам чун дастоварди беназири фарҳангӣ пазируфта, бо ҳамин номи зебои тоҷикӣ таҷлил намоянд.

Мо аз он хушбахтем, ки тамоми халқҳои Осиёи Миёна дар рӯзи ҷашни фархундаи Наврӯз ҳамдигарро бо ибораи тоҷикии «Наврӯз муборак» табрик мекунанд. Ин нукта бори дигар тасдиқ мекунад, ки миллати мо дар тамоми таърихи худ нақши паҳнкунандаи тамаддунро бозидааст.

Наслҳои мо бояд аз таърихи хеш огаҳӣ биёбанд ва онро ҳамеша нигаҳдор бошанд. Тамоми оинҳои наврузӣ сарчашмаи бузурги ахлоқию тарбиявианд ва метавонанд наслҳоро ба покии зоҳиру ботин, садоқату вафодорӣ, бунёдкориву созандагӣ ва зебопарастӣ ҳидоят намоянд.

Шукӯҳу тантанаҳои наврӯзӣ гувоҳи он мебошанд, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат ба рушди фарҳанги миллӣ ва эҳёи суннатҳои бостонӣ арҷ гузошта, барои пойдорӣ ва боз ҳам ғанӣ гардонидани онҳо пайваста иқдом менамоянд.

Фирдавс Ғафурзода, мудир шуъбаи таблиғот   ва иттилооти КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg