БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОЛИДАЙН ВА МАСЪУЛИЯТИ ОНҲО

АНДЕША. Вақте, ки шахс соҳиби фарзанд мешаваду  худро хушбахт ва беҳтарин инсон дар рӯйи олам ҳисоб менамояд. Дар айёми тифлии фарзанд бо тамоми меҳру муҳаббат ин тифли хурдсолро навозиш мекунаду тамоми ҳастияшро ба ӯ мебахшад. Маҳз фарзанд баҳонаест барои зинда мондан ва мубориза бурдан. Вақте, ки ҳар як нафар соҳиби фарзанд мешавад бо тамоми имконият ва ҳастиаш барои беҳтар шудани шароити фарзандаш талош меварзаду аммо аз ӯ ягон интизорие надорад. Дар айёми  пиронсолӣ волидайн муҳтоҷ ба нигоҳубин ва кумак мешавад дар ин ҳолат чашми чор ба фарзандони хеш мебанданд. Хонандаи азиз дар ин вақт ҳар як пиронсол чи гуна фарзанди худро таълиму тарбия дод ва ба воя расонид ва чи тарз муносибатро ба ӯ нишон дод, мебинаду мефаҳмад. Зеро фарзанд танҳо аз рӯи омӯхтаи худ бо волидайн муносибат мекунад. Аз ин лиҳоз масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд бузург аст. Агар мо ҳатто як фарзанд ҳам дошта бошем ӯро бояд меҳнатдӯст, хушгуфтор ва хушрафтор тарбия намоему аз овони кӯдакӣ таълим диҳем, ки ба қадри насли калонсолон расад. Беҳуда нагуфтаанд,

ки :

         Фарзанди нек боғи падар,

         Фарзанди бад доғи падар.

Барои он, ки фарзанди мо боғ бошаду аз он на боғбон, балки тамоми нафарон шаҳдашро чашанд талоши шабонарӯзӣ карда, ҳар як қадами онро бояд назорат кард. Аз дурӯғ гуфтан, фиреб додан ҳимоя карда, танҳо ба роҳи рост ҳидоят намудан лозим аст. Фарзанд набояд нозук ва эрка ба воя расад. Чунки дар чунин сурат тарбия ва ба воя расонидани он душвор мегардад. Бо фарзанд дуруштӣ ва зулми зиёд умуман лозим нест. Мо бояд тарзе таълим ва тарбия намоем фарзандони худро, ки онҳо ҳамаҷониба имову ишора, мазмуну муҳтавои сухани гуфташударо дарк намоянд. Ҳар як падару мо дар бояд руҳшиноси фарзандони худ бошад. Аз рӯи кирдор ва ҳаракатҳои онҳо пай баранд, ки фарзанди онҳо бо чи мушкилиҳо даргир мебошад. Вақте, ки мо дар хона бештар бо суханҳои боадабона гап мезанем,, фарзандон меомӯзанд, вақте ки бо дигарон муносибат мекунем аз он ҳам меомӯзанду пайравӣӣ мекунанд. Маҳз волидайнро зарур аст, ки дар таълиму тарбияи фарзанд диққат дода, вақти кор, хоб, истироҳат ва илмомӯзиро реҷа намоянд. Чунки ин амалҳо дар шуури онҳо нақш баста,, минбаъд такрор мешавад.

Мо миллате ҳастем, ки  осори бойю ғанӣ дорем. Зарур аст, ки панди бузургонро ба фарзандон таъкид намоему роҳи рост ва каҷро ба онҳо фаҳмонем. Бештар онҳоро ба корҳои нек, хизмат ба Ватан, ҳимояи ҳифзи муҳити зист ва ғайра тарбия намоем. Дар ин ҳолат вақте, ки фарзандони мо ба камол мерасанд, натиҷаашро мебинему танҳо дуои нек медиҳем, ки фарзандони онҳо низ чунин дастгири волидайн бошанд.

Сафаралӣ Мирзоев, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg