АНДЕША. Аз миёни ҷашну сур ва идҳои марғуб ва хеле дилпазири қавмҳои тоҷику форс ва халқу миллатҳои ҳамҷавор Наврӯз яке аз қадимтарин, бузургтарин ва зеботарин ҷашнҳои ҷаҳон аст. Худи вожаи «Наврӯз» – калимаи мураккаби форсии –дарӣ, калимаи тоҷикист, ки аз ду ҷузъ «нав» ва «рӯз» иборат аст. Дар ин ҳангом Офтоб ба бурҷи Ҳамал мерасад ва ин ба рӯзи 31-уми моҳи Фарвардини Авестоӣ ва Ҳамали Аҷамӣ рост меояд.
Манбаъҳо шаҳодат медиҳанд, ки дар ҳамон давраҳо Наврӯзро 13 рӯз ҷашн мегирифтанд ва онро ба 2 ҳисса- Наврӯзи омма (Наврӯзи кӯчак ё Наврӯзи сағир) ва Наврӯзи хоса (Наврӯзи бузург, ки рӯзи шашуми Фарвардинмоҳ оғоз меёфт), тақсим мекарданд. Ҷашни Наврӯз дар ҳақиқат як ҷузъи хотираи тобноки маънавии одамон мебошад, ки наслҳоро ба ҳам пайванд дода, робитаҳои дӯстӣ ва муносибатҳои ҳамёриву ҳамкориро боз ҳам қавӣ мегардонад.
Дар боби Наврӯз бисёр навиштаанду гуфтаанд ва сухан аз он ҳамвора муқаррар аст, аммо дар илму адаб такрор малоловар аст, вале ақл такрорро дӯст дорад, табиати офаридгор такрорро дӯст дорад, эҳсос такрорро дӯст дорад, зеро ҳама аз такрор ҷон мегирад ва аз ин хотир Наврӯз достони зебоист: табиат, ҷомеа, ақл, эҳсос ва амсоли ин аз такрор нерӯманд мешавад.
Наврӯз ҷашни бедоршавии табиат буда, ҳангомест, ки рӯзгори куҳан зиндагиро аз сар мегирад ва замона ва он чи дар ӯст, нав мешавад.
Мавҷудоти олам ҳаёти нав меёбанд ва соли ҳақиқӣ даврае аз адвори хешро ба поён расонида, вориди марҳилаи тозае мегардад.
Наврӯз яке аз бузургтарин ойинҳо ва ҷашнҳои қадимаи мардуми тоҷик мебошад. Наврӯз ҷашни эҳёи мавҷудоти гетӣ буда, танҳо покию сафо ва хуррамию фаровонӣ меоварад.
Агар мо ба таърихи пайдоиши калимаи Наврӯз назар афканем, ҳудуди 1 ҳазору 500 сол пеш ин калимаро дар шакли хаттӣ мебинем. Аммо боз ҳам дар ёдгориҳои тахти Ҷамшед, ки дар шаҳри Шероз мавҷуданд ва дар онҳо тасвирҳое ҷой доранд, ки шаҳодат аз он медиҳад, ки шоҳони қадимаи эронӣ Наврӯзро ҷашн мегиранд ин ҳам аз хеле қадимӣ будани ҷашни Наврӯз гувоҳӣ медиҳад.
Наврӯз дар ҳама давр бо шукӯҳу шаҳомати зиёд пешвоз гирифта мешуд. Барои дар сатҳи олӣ гузаронидани он майдону тахтҳо месохтанд. Мисоли равшани он бунёди тахти Ҷамшед аз ҷониби Дориюш аст, осори он то ҳол боқӣ монда, оламиёнро ба ҳайрат овардааст. Дар субҳи аввали он одамон ба якдигар об мепошиданд, туҳфаҳо медоданд ва туҳфаҳо мегирифтанд. Шириниҳо беҳтарин туҳфа маҳсуб мешуданд. Дар шабҳо оташафрӯзӣ мекарданд ва суманак (сумалак) мепухтанд. Хушбахтона, маросими суманак (сумалак)- пазӣ дар ҷумҳуриамон то ҳол риоя мегардад.
Инчунин, дастархонҳои идона меоростанд, ки ин дастархонҳои Наврӯзӣ бо номҳои ба худ хос, ба мисли «Ҳафтсин» ва «Ҳафтшин» буд. Ҳар яке аз ин амалҳо қоидаҳои худро доштанд ва аз тарафи мардум бо пуррагӣ ба ҷо оварда мешуданд.
Умуман инҳо ба урфу одати ҳар миллат вобаста мебошанд. Ҳар як халқият урфу одати худро дорад. Бинобар ин ба ҷои ҳафтсин ва ҳафтшини номбаршуда дигар хӯрокҳоро низ дар дастархон ҷой медиҳанд.
Мардуми ориёӣ дар тӯли қарнҳо бо тамоми роҳу воситаҳо тавонистанд, ки ин мероси фарҳангии худ, аз ҷумла анъанаи ҷашни Наврӯзро нигоҳ доранд. Онро аз манъкунию хурофот эълон намуданҳо дифоъ карданд ва ин анъанаро то ба насли имрӯз расониданд. Айни ҳол ҷашни Наврӯзро ғайр аз кишвари мо бо саҳмгузории бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз дар бисёр манотиқи олам, ба мисли Эрону Озарбойҷон, Ӯзбекистону Қирғизистон, Қазоқистону Туркманистон, Афғонистону Албания, Туркияву Македония, Тотористон, Бошқирдистон, Доғистон, Фаронса, Олмон, Британияи Кабир ва Ҷумҳурии Мардумии Чин (ҷамъ беш аз 300 миллион нафар аҳолии кураи замин) ҳамчун иди миллии тоҷикон ҷашн мегиранд.
Боиси ифтихор аст, ки кӯшишҳои пай дар пайи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самара доданд ва аз 30 сентябри соли 2009 инҷониб Наврӯз мавқеи байналмилалӣ гирифт ва ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият (ЮНЕСКО) дохил карда шуд. Ин барқароршавии ҳақиқати таърихӣ аст. Зеро Наврӯз ҷашни табиат ва эҷодкардаи кулли халқҳои олам аст. Ҳар халқи бузург ба он чизе афзуд ва ба урфу одатҳои худ наздик намуд. Наврӯз аз ин бойтар ва зеботар гардид. Наврӯз ба инсоният одамгарӣ, мубориза бурдан бо қувваҳои бадӣ ва бадкорон, дар сулҳу салоҳ зистанро талқин менамояд. Умари Хайём дар «Наврӯзнома» дарҷ кардааст, ки: «Ҳар кӣ рӯзи Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр дар шодӣ ва хуррамӣ гузаронад». Кӯшишҳои шабонарӯзии фарзанди фарзонаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз тамоми имкониятҳоро фароҳам овардаанд, ки мардуми ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо ин ҷашни фархундаи ниёгонро бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гиранд ва то Наврӯзи дигар дар амну амният бошанд.
Яке аз сабабҳои зуд истиқбол шудани ҷашни Наврӯз ҳамчун ҷашни ҷаҳонӣ аз ҷониби мутахассисон ва комиссияҳои ЮНЕСКО-ю Созмони Милали Муттаҳид дар он аст, ки ин ҷашн воқеан ҳам ҷашни фарҳангӣ ва сулҳофар аст ва ба дину оине рабт надорад, зеро дар айёми Наврӯз ҳама бо ҳамдигар, новобаста аз миллат, забон, дин, нажод ва маҳал хурсандӣ карда, гирди дастурхони наврӯзӣ мешинанд. Аҷдодони мо мегуфтанд, ки дар рӯзи таҷлили ин ҷашн бояд дилҳо аз кинаю нафрат пок бошанд, бо миёнравии шахсони муваффақ ва мӯйсафедони табаррук қаҳриҳо бо ҳам оштӣ мекарданд, ҳама гуна муноқишаю низоъҳоро ба сулҳ меоварданд.
Онҳо андеша доштанд, ки агар касе дар соли нав бо ҳам қаҳрӣ ва ё ҷангӣ бошад, ҳатман дар корҳои онҳо як навъ мушкилот пеш меояд. Дар рӯзи таҷлили ҷашни Наврӯз аҷдодони мо, тоҷикон дар дастурхони идонаи худ маҳсулоти ширӣ, аз қабили ширбиринҷ, шир, шакар ва ҷурғот мегузоштанд, ки ин онҳо сафедиянд ва барои онҳо сафедӣ рамзи муқаддас ба шумор мерафт.
Азбаки Наврӯз ҷашни сулҳофар ва ҷашни ваҳдату дӯстӣ аст, хусусияти пастзании обрӯю эътибори ягон гурӯҳ, шахс ё қавму қабиларо надорад, ҷашнест, ки дар поёни ҳодисаҳои таърихӣ ё ин ки ҷангу шӯришҳо ба вуҷуд наомадааст ва асоси он ҳодисаи баробаршавии шабу рӯз дар табиат мебошад, бо ин сабаб ҷашни Наврӯз ҷаҳонӣ гардид. Ин ҷашн дар омад-омади худ як пайки хосеро дорост, зеро дар ин рӯзҳо ҳама либосҳои нав ба бар мекунанд, гулдухтарон либосҳои атласу чакан ба бар мекунанд ва модарон ба тайёр кардани суманаки наврӯзӣ омодагӣ мегиранд, деҳқонон ба кишту кор оғоз мекунанд.
Аз омадани Наврӯз пеш аз ҳама бачагон бо иҷрои маросими шодии гулгардонӣ ба дигарон хабар медиҳанд. Онҳо як-ду ҳафта қабл аз Наврӯз гурӯҳ шуда, ба кӯҳу пуштаҳо рафта, гулҳои баҳорӣ: сиёҳгӯш ва гули зардакро чида ба деҳа меоранд ва хона ба хона гашта ба мардум сурудхонон муждаи омадани Наврӯзро мерасонанд. Соҳибхонаҳо гулҳоро бӯй кашидаву ба чашм мемоланд ва ба бачаҳо кулчаю қанду мавиз, дар баъзе ҷойҳо гандуму нахуд медиҳанд.
Маврид ба зикр аст, ки Наврӯз, воқеан, бо ҷанбаи фарҳангиву мардумии худ миёни хосу ом маҳбубият пайдо кардааст. Ин хусусияти Наврӯзро устод Айнӣ таъкид карда, менависад: - “Иди Наврӯз, ки чун сари соли шамсӣ дар аввали ҳамал сар мешуд, яке аз идҳои пеш аз исломият аст. Бинобар ин, халқи тоҷик, дар ҳолате, ки иди рамазон ва иди қурбонро як рӯз барпо медошт, иди Наврӯзро ҳафтаҳо давом медод. Бо сабаби дар аввали баҳор, дар вақти ба ҳаракат даромадани тамоми растаниҳо ва мавҷудоти зинда рост омадани ин иди табиат инсон ҳам ба ҳаракат меомад, тоҷикон “ҳамал – ҳама чиз дар амал” мегӯянд”.
Наврӯз бо обу хок, марзу бум ва рӯҳи тамаддунсози ниёгони мо пайванди азалӣ дошта, расму ойинҳои он рамзҳое доранд, ки аз замонҳои бостонӣ то имрӯз рӯзгори мардуми фарҳангиву ободгар ва инсондӯсту таҳаммулгарои моро ҳамроҳӣ мекунанд.
Тағайзода Рустам, муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо созмонҳои ҷамъиятии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор