БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МИЗИ МУДАВВАР БАҲРИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН

ЛЕВАКАНТ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии “Муассисаи давлатии таълимӣ” Литсейи касбии саноатии  кимиёвии шаҳри Левакант бо аъзо ва фаъолони ҳизб аз ҳисоби занон ва ҷавондухтарон мизи мудаввар дар мавзӯи «Пешгирии омилҳои номатлуб байни занон ва ҷавондухтарон» доир гардид.

Сараввал директори муассисаи мазкур вохӯриро оғоз намуда, мақсад аз баргшузории мизи мудавваро ба аҳли нишаст маълумот дода,  оид ба ҳама намуди зӯровариҳо мисолҳо оварда, андешаронӣ намуд.    

Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Олимзода Низора ба сухан баромада, доир ба пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ҷавонону ноболиғон, занону духтарон ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», доир ба пурра риоя намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ибрози андеша намуда, қайд кард, ки агар бонувон хоҳанд, ки дар ҷомеа соҳибмақом бошанд бояд таҳсили илму ҳунар кунанд. Дар ин самт низ Сарвари давлат имконияту шароити мусоидро фароҳам сохтаанд. Таъсиси квотаҳо барои духтарони деҳот ғамхории беназир аст. Барномаҳои зиёде амалӣ мешаванд ва моро зарур аст, ки аз ин имкониятҳо истифода барем. Инчунин, мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант Нуқра Халилова қайд кард, ки мақому мартабаи занону духтарон дар даврони истиқлолият боло меравад, сиёсати Сарвари давлат созанда ва ба манфиати мо занон аст. Ин сиёсат имкон фароҳам овард, ки имрӯз баробарҳуқуқии марду зан дар ҷомеа таъмин гардад, мақоми зан боло рафта,  шумораи бонувони фаъолу ташаббускор бештар шавад. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg