БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ: ИҚТИДОРҲОИ ЭНЕРГЕТИКӢ БОЗ ҲАМ АФЗУН МЕГАРДАНД

АНДЕША. Тоҷикистон дар масъалаи афзун намудани иқтидори энергетикӣ имкониятҳои васеъ дорад. Ин аст, ки ҳамасола дар кишварамон нерӯгоҳҳои барқии иқтидорашон гуногун сохта ба истифода дода мешавад. Махсусан, идомаи сохтмони НБО -и “Роғун” намунаи барҷастаи вусъати корҳо дар ин самт маҳсуб меёбад.

Яке аз ҳадафҳои асосии давлат ҳам расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад. Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар ҷиҳати ҳалли мушкилоти энергетика ва рушди он 34 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ  ба маблағи 57,2 миллиард сомонӣ амалӣ карда шудааст.  Ҳоло дар ин самт боз 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 16,4 миллиард сомонӣ татбиқ гардида истодааст.

Ҳукумати Тоҷикистон, - омадааст дар Паём, - азм дорад, ки бо мақсади дар ояндаи наздик таъмин намудани истиқлоли энергетикӣ, бо нерӯи барқ пурра қонеъ сохтани талаботи аҳолӣ ва иқтисоди миллӣ бунёду таҷдиди як силсила иншооти хурду бузурги ҳаётан муҳимро вусъат бахшад.    Сол то сол зиёд гардидани  нерӯгоҳҳои барқӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои нав маънои онро надорад, ки нисбати истифодаи қувваи барқ бепарво бошем.

Дар самти таъмини доимиву устувори нерӯи барқ як силсила масъалаҳои муҳимми ҳалталаб вуҷуд доранд, ки истифодаи самараноку сарфакоронаи барқ аз ҷумлаи ҳамин масъалаҳо мебошад, -  омадааст дар Паём.

Сардиҳои зимистони имсола ва  дигар омилҳо боис гардиданд, ки ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ дар кишвар кам гардад. Агар истифодаи сарфакоронаи барқ аз тарафи мардум ба роҳ монда намешуд, зарурати маҳдудкунии қувваи барқ ба миён меомад.

Бояд тазаккур дод, ки дар ҳама ҳолат – дар ҳолати камчинӣ  ё фаровон будани қувваи барқ ҳар як сокини кишварро зарур аст, ки аз  нерӯи барқ сарфакорона истифода намояд. Зеро истифодаи сарфаҷӯёнаи барқ ҳам ба оила, ҳам ба корхона ва ҳам ба давлат фоидаи зиёд меорад.  Дар сурати сарфаҷӯёнаи барқ мо ҳеҷ вақт ба ҳолати бе барқие, ки солҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ рӯ ба рӯ шуда будем, ду чор намеоем.

Исфандиёр Саидмаҳмудов, мудири шуъбаи ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg