БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРРУПСИЯ АМАЛИ ЗИШТУ НОБАХШИДАНИСТ

АНДЕША. Коррупсия, пора ва ё ришваситонӣ яке аз амалҳои зишту нобахшиданист, ки садди роҳи рушду пешрафт ва инкишофи давлатҳо  мегардад. Бинобар ҳамин мубориза бо коррупсия дар шароити рӯз яке аз масъалаҳои муҳими ҳалталаб  ба ҳисоб рафта, барои аз байн бурдани он ҷомеаи ҷаҳониро зарур аст, ки чораҳои  қонунӣ андешад.

Барои пешгирии ҳамагуна ҷинояту ҷинояткорӣ, аз ҷумла коррупсия 31 октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид қабул карда шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ 25 сентябри соли 2006 ба ин конвенсия ҳамроҳ шуд ва баъди дохил шудани ҷумҳурӣ  санади мазкур ба низоми ҳуқуқии кишвар ворид гардид.

Дар кишварамон барои пешгирии ин амали нангин, ки  доғи ҷомеа  ва садди пешрафту тараққиёт мебошад, пайваста мубориза бурда мешавад.

Дар бобати фаъолгардонии мубориза бо коррупсия 30 августи соли 2013 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013- 2020” ба тасвиб расид, ки дар асоси он ҷиҳати пешгирӣ ва аз байн бурдани ришваситонӣ дар мамлакат корҳои самаранок ба иҷро расонида шуд. 

Коррупсия зодаи нафси бад ва чашми танги носерам аст. Хуб фармудаанд, ки  нафси бади дунёталабро ё қаноат пур кунад ё хоки гӯр. Дар баъзе ҳолатҳо мешунавем, ки нисбати чунин ашхос бо тамасхӯр мегӯянд:  фалонӣ  аз хоки гӯр ҳам серӣ надорад.

Касе ба роҳи коррупсионӣ, ришваситонӣ қадам мегузорад, аз он роҳ баргаштанаш мушкил мешавад. Нафси бадаш ӯро намегузорад, аз ин роҳ баргардад. Ӯро дар ин роҳ боз ҳам чуқуртар тела медиҳад, то ҳамон вақте  ки дар гирифтани пора ба даст афтода, аз карда пушаймон мегардад. Лекин ин пушаймонӣ, афсӯсхӯрии ӯву аҳли оила ва хешу табор ба ӯ фоида намебахшад. Доғи судь баъди адои ҷазо ӯро аз маълумоти олии касбӣ, аз вазифа, аз обрӯ ва эҳтиром дар назди мардум, ки пештар дошт бе насиб мегардонад.  Бинобар ҳамин, ҳар касе дар ин ё он вазифаи давлатӣ  иҷрои вазифа менамояд, пеш аз он ки аз касе барои иҷрои ин ё он амали  хизматӣ пул талаб кунад, бояд оқибати корашро, ки дар боло зикраш рафт, андеша намояд.  Накунад оқил чунин коре, ки боз орад пӯшаймонӣ, - гуфтаанд.

Дини мубини ислом ҳам таълим медиҳад, ки ҳар касе нафси худро идора карда метавонад, ба ҳаққи ҳалоли худ зиндагӣ  мекунад, ба молу амволи дигарон бо чашми тамаъ наменигарад, дар биҳишт ҷойгоҳи худро дорад. Пас, биёед  дар вазифае, ки давлат бовар карда, моро роҳбар ва хидматгори халқ таъин намудааст, софдилона кор кунем.

Дар чунин ҳолат қалбу руҳи мо ором аст. Пас аз касею чизе тарсу ҳарос нодорем, виҷдонамон моро азоб намедиҳад, вазифаи ишғолнамуда обрӯ ва эҳтироми халқро ба даст меорем. Аз вазифае  ва музди меҳнате мегирем,  баракат меёбем. 

Зоиров Бобоҷон, роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” - и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Ховалинг

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg