ВОСЕЪ. Бо мақсади саҳм гузоштан дар ободии як гӯшаи диёр бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол намудани Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки кормандони масъули ҳизбӣ дар назди бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ корҳои ободонию тозакунӣ ва кабудизоркунӣ баргузор гардид.
Кормандони масъули ҳизбӣ дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъомона ба корҳои ободонӣ машғул шуда, як қатор корҳоро ба анҷом расониданд. Чунин корҳои ободониву хуррамгардонӣ низ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардида истодаанд.