БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Шаклгирии маънавиёти ҷомеа аз тарбияи маънавии ҷавонон оғоз мегардад

Ш. ШОҲИН.  Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин  дар  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳия  бо омӯзгорону  хонандагони синфҳои болоӣ  вохӯрӣ доир гардид.

Дар ин вохӯрӣ  сармуҳаррири нашрияи ҳизбии “Овози халқ” Қурбонзода Шифо, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Суннатулоева Мавзуна ва дигарон  иштирок намуданд.

Масъулин зимни баромад  дар назди ҷамъомадагон оид ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, пешгирии шаҳрвандон аз гурӯҳҳои ифротӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, тарғиби либоси миллӣ, пешгирӣ аз хурофоту бегонапарастӣ миёни занону бонувон,  аз қабили сатру ҳиҷоб андешаронӣ намуда,  ҷиҳати  муборизаи дастаҷамъона  бар зидди амалҳо номатлуби ҷомеа  даъват ба амал оварданд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg