БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Санъат тарбиятгари миллат аст

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Мактаби санъати бачагона»  бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Қаҳҳоров Искандар ва муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирӣ Раҷабализода Парвиз оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирӣ аз майли бегонапарастӣ миёни ҷавонону духтарон вохӯрӣ баргузор гардид.

Нахуст,  Қаҳҳоров Искандар ба сухан баромада  қайд намуд, ки мебояд идеяи худогоҳии миллӣ дар миёни ҳама табақаҳои ҷомеа  ташвиқу  тарғиб гардад. Яқин аст шахсе, ки арзишҳои миллиро муқаддас намедонад, ҳатто дар радифи аввали  бовариҳояш амнияти  Ватанро намегузорад, ҳаргиз тоҷики асил буда наметавонад. Донишмандону  таҳлилгарон дуруст дарёфтаанд, ки ҳар давлате  албатта манфиати миллӣ дорад. Мо тоҷикон то дирӯз сарфаҳм намерафтем, ки манфиати миллӣ дорем ё на. Имрӯз ин нуктаро аз самими дил мебояд пазируфт, ки манфиати миллии тоҷикон фаротар аз дигар манфиатҳо аст. Воқеан, он сару либосе, ки миёни бонувони кишвар дар баъзе маҳаллаҳои Тоҷикистон, хусусан дар деҳоти мамлакат ба бар менамоянд, либоси хоси тоҷикон мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg