БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КИТОБ КАЛИДИ ДОНИШ ВА САРЧАШМАИ ЗИНДАГИИ РАНГИН

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,

Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.

АНДЕША.  Китоб манбаи дониш ва чароғи ақл, рӯшноии дил ва калиди дари ҳама кор бар оламу одам аст. Бе китоб дунёи мо тира ва ҷаҳон хира аст. Маърифати шахс аз китоб оғоз мегардад. Ҳама бузургони олам аз китоб хондан ба мартабаи аъло расидаанд. Боиси хирадмандист амри Пешвои миллат оид ба озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ ...” ба ҳама табақаҳои ҷомеа, ки сатҳи китобхонаҳо зиёд гарданд. Хонандагон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ иштирок варзанд ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии  Тоҷикистон сазовор пешвоз гиранд.

Бе китоб эй дӯст бунёди мо норавшан аст.

Тираву торик ҳамчу хонаи бе равзан аст.

Китоб як рукни тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонашавандаи зиндагии инсон аст. Чӣ тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд: “Шахсе, ки ба китоб дил мебандад,, ҳаргиз намехоҳад аз китоб дур бошад,  хастагиро аз худ мебарорад натанҳо дониш,  балки вақти худро бо хушнудӣ мегузаронад”.

Дониш наҷотбахши роҳи инсон аст, касро дар роҳи рост, поквиҷдонию хирадмандӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия мекунад. Ин ганҷинаи донишро ба ҳар қимате бихарем арзон аст. Китоб шахсро ғизои маънавӣ мебахшад, китоби хуб дӯсти беҳтарини инсон аст.

Ёри бе заҳмату озор китоб асту китоб,

Ақли солими ҳар як инсон аз китоб манша мегирад.

Калиди дари соҳибҳунар аст китобхон, ҳар як китоб ба Шумо хоҳад гуфт, чи гуна бояд зист ва читавр хушбахт метавон бояд шуд.

Ҳар сол 4-уми сентябр рӯзи китоб бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Ҷаҳони мо ду неру дорад,  тавонои равшанбахш китоб ва офтоб.

Китоб дар назди мардуми мо чунон қадру манзалате дорад, ки онро зери болини тифли навзод мегузоранд, бо ният ва умеде, ки дониш чароғи равшани дили ӯ ва дар гиру дори зиндагӣ  ҷавшани танаш бошад ин анъанаи нек бояд идома ёбад ва ба наслҳои оянда дарси ибрат гардад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти зеҳн, истеъдод ва рушди такомули тахаюлоти наврасону хонандагон ва омӯзгорон бедор кардани илмомӯзи ва маърифати  худогоҳию худшиносӣ,  фарҳангпарварӣ тарбияи насли ояндасози миллати тамадунофари тоҷик асолати миллии худро арҷгузорӣ кунанд. Ҳамагон ба бузургони даҳр пайравӣ ба пеш ҳаракат намоем, чи хуш гуфтааст,  Абдулқосим Фирдавсӣ

Тавоно бувад ҳар, ки доно бувад,

Ба дониш дили пир барно бувад,

Дониш андар дил чароғи равшан аст,

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

Китоб шиносномаи халқу миллат аст, донишмандон аз қадим китобро ба ситораи тобон ва нурҳои офтоб ташбеҳ доданд.

Китоб дӯсти безабони ҳар инсони китобдӯст аст, хушгуфтору хушсухан аст. Китоб тайёраест, ки бо он ҷаҳони ҷаҳолат ва ҷаҳони маърифат парвоз мекунем ва давр мезанем.

Касе, ки аз мутолиаи китоб даст мекашад монанди шиноварест, ки аз дасту по задан боз монд ва у ногузир ғарқ хоҳад шуд.

Китоб дилҳоро мунавар ва чеҳраҳоро нуронӣ месозад, хонандаи худро хушбахт мегардонад.

Гузаштагони мо китобро “ҷавшани ҷон”,,  “чароғи раҳнамо” “аниси кунҷи танҳоӣ ва фурӯғи субҳи доноӣ” хондаанд. Муҳаббат ва арҷгузорӣ ва эътиқод доштан ба андарзҳои китоб маърифати бузург аст, китобхону китобдӯст бошед.

Мирзоева Гулрухсор,  мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg