БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ – РОҲНАМОИ ФАРДОИ НЕКУ БОСАОДАТ

ВАХШ. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар бо сокинон суҳбату вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрии доиргардида Холиқзода Абдураҳим раиси Кумитаи сохтори давлатӣ ва идоракунии маҳалии МН МО Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шодиён Муҳаммад вакили МН МО Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Кӯшониён 27, Одилҷон Маҳмадов раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш ва Абдусаломзода Мунавара раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён иштирок ва суханронӣ намуданд.    

Сараввал Холиқзода Абдураҳим ба сухан баромада, иброз дошт, ки ҳакиқатан Паём  сухани самимии Пешвои миллат ба ҳар як ҳамватан, пайғоми пурифтихори насли имрӯз ба наслҳои фардо ва садои баланду созандаи давлату миллати Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Паёми навбатии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ки санаи  26.01.2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, ҳамчун ҳуҷҷати муҳими барномавӣ, сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шинохта шуда, ифодакунандаи нуқтаи назари Пешвои миллат  ба рушду таҳкими соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат арзёбӣ мегардад.

Шодиён Муҳаммад дар навбати худ қайд кард, ки яке аз соҳаҳои муҳими давлат, ки ҳамеша  зери таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор  дорад  соҳаи илму маориф мебошад. Татбиқи ташаббусҳои Роҳбари давлат барои кашфи чеҳраҳои  нав дар соҳаи илм замимаи мусоидро фароҳам овард. Эълон  гардидани  солҳои 2020 – 2040 «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф», «Фӯруғи субҳи доноӣ  китоб аст», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман»  ҷавонони дорои истеъдодҳои нодирро муаррифӣ ва шавқи онҳоро ба илмомӯзӣ зиёда гардонид. Ҳамзамон тазаккур дода шуд, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон татбиқи  ҳамасолаи  озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм-фурӯғи маърифат»  яке аз нуктаҳои муҳими Паёми имсолаи  Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар ба ҳисоб меравад.

Сипас, Одилҷон Маҳмадов баромад намуда, ёдовар шуд, ки санаи 27 феврали соли 2021 дар Конференсияи якҷояи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, ноҳияи Кӯшониён ва Ҷ.Балхӣ баргузор гардид, ки бар ивази вакили хориҷшуда номзадии А.Мунаввара ба вакилии МН МО Ҷумҳурии Тоҷикстон аз ҳавзаи интихоботии Вахш 32 пешбарӣ гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg