БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САФИ ҲХДТ АЗ ҲИСОБИ ШАХСОНИ БОМАЪРИФАТ МЕАФЗОЯД

БОХТАР.  Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Силшинос” маҷлиси ҳизбӣ доир гардид. Дар он мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Толибзода Толиб, узви гурӯҳи вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар Файзализода Маҳмадсодиқ, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб иштирок доштанд.

Нахуст, Файзализода Маҳмадсодиқ доир ба муҳтавои Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат суханронӣ намуда, кайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём зикр намуданд, ки “ба масъалаи дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа, бо мақсади идомаи тадбирҳои Ҳукумати мамлакат дар самти дастгирии давлатии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, пешниҳод менамоям, ки аз 1-уми сентябри соли 2021 нафақаи маъюбон аз сини кӯдакӣ, ки дар асоси Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»  таъйин шудааст, ба андозаи  20 фоиз зиёд карда шавад. Нафақаи кӯдакони маъюби то 18 - сола, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъйин шудааст, ба андозаи 20 фоиз, инчунин, нафақаи маъюбони гурӯҳи якум, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъйингардидааст,  ба андозаи 50 фоиз баланд бардошта шавад”. Ин боз як дастгирӣ ва ғамхории навбатии Пешвои миллат нисбат ба мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад.

Дар  идома Толибзода Толиб доир ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла, пешгирии ҷавонону  наврасон аз   шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ,  пос доштан ва арҷ гузоштан ба фарҳанги ниёгон, эҳё ҳунарҳои мардумӣ, саҳмгузорӣ дар сарсабзу хуррамгардонии кишвар, бо дастовардҳои назарраси меҳнатӣ пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, ҳифз намудани дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат ва ғайра ибрози ақида кард.

Дар интиҳои маҷлис ба зиёда аз 30 нафар кормандони Маркази вилоятии бемориҳои сили вилояти Хатлон дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg