БАЛҶУВОН. Дар кооперативи истеҳсолии “Чорбоғ”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоев бо иштироки гурӯҳҳои корӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни сокинон ва хоҷагидорону аъзои хоҷагӣ вохӯрию мулоқот баргузор карда шуд.
Зимни вохӯрӣ қайд гардид, ки дар Паёми имсолаи Пешвои миллат моҳияти равандҳои асосии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ арзёбии амиқ ёфта, маҷмуи масъалаҳои муҳиммтарини ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии мамлакат баррасии ҳамаҷониба гашта, барои рушди устувори ҳар як соҳа ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар онҳо дастуру супоришҳои қатъӣ ва таклифу ҳидоятҳои зарурӣ дода шуданд.
Инчунин, дар идомаи суҳбат қайд гардид, ки барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум дар ин давраҳои душвори ҷаҳони муосир ҳар як сокини кишварро зарур аст, ки даҳчанд меҳнат намуда, ҳар ваҷаб заминро оқилона истифода намояд, то ба ин васила дар таъмини зиндагии худ ва бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тоза ҳиссагузорӣ намоем.
Пас вазифаи имрӯзаи ҳар яки мост, ки нишондодҳои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳаматарафа омӯхта, барои дар ҳаёт татбиқ гаштани он аз тамоми воситаю имкониятҳои дар ихтиёрдошта самаранок истифода намоем.