Ҷ.БАЛХӢ. Тибқи нақшаи баргузории семинарҳо дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия дар толори ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хоҷагии деҳқонии ба номи Т. Эсанқулов” бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Абдулҳаев Маҳмасаид семинари омӯзишӣ дар байни раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии Ҷамоати деҳоти Маданият гузаронида шуд.
Масъулин вобаста ба беҳтар намудани раванди коргузорӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ талаботи Оиннома ва Низомномаи ҳизб бо иштирокчиён семинар-машварат, суҳбатҳо гузаронида шуда, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ барои боз ҳам пурзӯр кардани фаъолияти ҳизбӣ як қатор дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд.