Ҷ.БАЛХӢ. Дар маҳаллаи Айнии Ҷамоати деҳоти Халеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки кормандни масъули Кумитаи иҷроия дар ноҳия вохӯрии навбатӣ миёни нафароне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ омодагӣ дида истодаанд, гузаронида шуд.
Зимни баромад масъулин оид ба арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, эҳсоси баланди ватандорӣ, инчунин оид ба дастовардҳои даврони истиқлолият, пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро ибрози андеша намуда, онҳоро таъкид карданд, ки гурӯҳҳои манфиатхоҳ бисёртар бо ваъдаҳои бардурӯғ одамонро фирефтаи амалҳои нопоки худ мекунанд. Аз ин рӯ мо шаҳрвандонро зарур аст, ки дар куҷое, ки набошем хоҳ дар Ватани азизамон, хоҳ берун аз он арзишҳои миллиро аз манфиатҳои худ боло гузошта, бар зидди ин гуна гурӯҳҳои манфиатхоҳ муборизаи беамон барем ва нагузорем, ки нохалафе бо фикру ақидаҳои нопоки худ фазои сулҳу ороми моро халалдор созад.