БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАВРӮЗ - МЕРОС АЗ НИЁГОНИ ТОҶИКОН

АНДЕША. Бо талошу иқдомҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷашни Наврӯз  ҷаҳонӣ гардида, дар ҳамаи давлатҳои дунё ин ҷашни қадимаи тоҷиконро истиқбол мегиранд, ки боиси ифтихори мо тоҷикон мебошад, зеро ки бори дигар ин ҷашни  Наврӯз собит месозад, ки дар ҳақиқат тоҷикон қадимтарин миллат буда, тамаддуни қадимаи худро дар тӯли қарнҳои зиёд то ба ҳол ба вазъи сиёсии давраҳои таърихӣ нигоҳ накарда, ба мо мерос гузоштаанд.

Гувоҳи гуфтаҳои мо ин аст, ки худи номи аслии ин ҷашн аз замони пайдоишаш то кунун барои мо тоҷикон тағйир наёфтаасту дар қатори тамаддуни кӯҳанмиллат буда, забони тоҷикӣ низ эътибору қурбашро гум накарда, пайваста давра ба давра рушд намуда истодааст.

Барои исботи ин гуфтаҳо қайд карданиям, ки худи калимаи “Наврӯз” – маънояш Рӯзи нав оғози соли нави мо тоҷикон мебошад, аммо маънии аслии худро то замони мо нигоҳ доштааст. Дар ин рӯзи ҷашни Наврӯз мардум ба дашту доман баромада, хурсандиҳо карда, ба якдигар Наврӯзро муборакбод гуфта, якдигарро бо шеъру суруд, гулу туҳфаҳои идона  қадрдонӣ мекунанд. Ҷавонписарон баъди хӯрдани таъомҳои  миллии наврӯзӣ ба майдонҳои гӯштингирӣ, бузкашӣ ва дигар намуди мусобиқаҳо рафта, нерӯю товонои худро месанҷиданд. Дар ин рӯз ҳар як хонадон баҳри омода намудани як навъи хӯрокҳои миллии тоҷикӣ, суманак, отала, ширбиринҷ, шилла, далда, ширкаду, оши палав, оши бурида, сиёҳалаф ва ғайраҳо машғул мешуданд. Бо ҳамин васила меҳру муҳаббати ҳамдеҳагонро зиёда намуда, кинаю адоватро дур карда, якдигарро аз гуоҳҳо мебахшиданд, то ки дигарбора бо якдигар қаҳрӣ набошанд. Деҳқонон бо мақсади фаровонии ҳосил тухми умедро барои соли нав ба замин мекоштанд. Ранҷурон  ва беморон дар майдон Наврӯзгоҳ гулхан омода карда, аз болои оташ ҷаҳида аз худои оташ талаб мекарданд, ки ранҷурии манро гирифта, саломатиамро диҳед гӯён семаротибагӣ бо суханони худ аз болои гулхан меҷаҳиданд.

Аз замонҳои қадим тоҷикон дар қатори ҷашни Наврӯз боз ҷашнҳои дигаре, ба монанди Сада, Меҳргон, Тиргон низ доштанд, ки ин ҷашнҳои мардуми Ориёинажод, яъне тоҷикон низ таърихи ниҳоят қадима дошта, имрӯз миллати тоҷик баҳри дубора зинда кардани ин ҷашнҳои миллӣ, ки аз байн рафта буданду нишонаҳояш дар байни мардум боқӣ монда буд, бо ташаббусу ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси таҳлилҳои илмӣ онҳоро эҳё ва барқарор намуда истодаанд.

Аз ин хотир мо хурду бузурги ин кишвар баҳри амалӣ гардидани барномаи Сарвари муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба зиндагии шоистаи мардум талош варзем.

Каримзода  Пирмуҳаммад Афғон,  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg