ҶАЙҲУН. Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун ҷиҳати тарғибу ташвиқи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оид ба сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ мулоқоту вохӯрӣ бо сокинони деҳаи Эмаҳмадов Қаландари Ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.
Масъулин зимни мулоқот ба сокинон таъкид намуданд, ки сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ дар вазъияти имсола ягона тадбир аст, ки моро метавонад аз буҳрони иқтисодӣ раҳоӣ бахшад. Тамоми мушкилот осон мегардад ба як шарте, ки агар мову Шумо аз барқ сарфакорона истифода барем ва маблағи истифодабурдашудаи барқро сари вақт пардохт намоем.
Дар фарҷоми чорабинӣ бошад, масъулин ба сокинони деҳаи болозикргардида муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “Барқи Тоҷик”-ро тақсимот намуданд.