ФАРХОР. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади роҳандозии корҳои тарғиботӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории коронавирус ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ дар ҳудуди ноҳия бо усули «хона ба хона» гардиш доир намуданд.
Зимни корҳои фаҳмондадиҳӣ ба оилаҳо варақаҳои тарғиботӣ ва ниқобҳои тиббӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавируси COVID -19-ро тақсим карда, даъват ба амал оварданд, ки ба масъалаҳои мазкур диққати ҷиддь диҳанд ва тавсияҳои духтуронро риоя намоянд.
Ҳамзамон, бо сордорони оилаҳо ва шахсони алоҳида оид ба сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ суҳбат карданд.