БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

“РОҲНАМО” ДАСТРАСИ ҲИЗБИЁН ГАРДИД

ФАРХОР. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо аъзои ташкилоти ибтидоии «ММБТ» доир гардид.

Мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Тағайзода Рустам дар назди ҳозирин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, инчунин, оид ба  дастовардҳои иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда, ҳозиринро ба хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва ҳушёрии сиёӣ даъват намуд.

Ҳамзамон дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” ба роҳбари ташкилоти ибтидоии мазкур тавсия дода шуд, ки дар доираи имкониятҳои мавҷуда дар назди бинои корӣ ҳоҷатхона бо усули дренажи сохта ба истифода диҳад.

Инчунин, ба раиси ташкилоти ибтидоии “ММБТ” китобчаи ба тозагӣ чопнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, ки “Роҳнамо барои ташкилотҳои ибтидоӣ ” номгузорӣ шудааст,  тақдим карда шуда, барномаҳои алоҳидаи он шарҳ дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg