БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН НАСЛИ ОЯНДАСОЗАНД

ТЕМУРМАЛИК. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 - и Ҷамоати шаҳраки Совет дар  ҳайати муовини раис - мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроия Каримов Лоиқҷон ва намояндаи Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат Раҳмия Каримова бо хонандагони синфҳои болоӣ  вохӯрӣ доир гардид.

Зимни мулоқот намояндаи Донишкадаи мазкур барои ба тариқи маркази миллии тестӣ дохил шудан ва огоҳонидани хатмкунандагони муассисаи таълимӣ аз шарту шароит, имтиёзҳо, стипендияҳо ва инчунин интихоби дурусти ихтисосҳои донишгоҳу донишкадаҳо ибрози сухан намуда, зикр кард, ки ҳар як довталаб метавонад ихтисоси дӯстдоштаашро аз Донишкадаи дар болозикршуда ва дилхоҳ Донишгоҳҳо интихоб намояд.

Дар мулоқот,  ҳамчунин Каримов Лоиқҷон низ нисбати масъалаҳои ҷорӣ ва мубрами рӯз суханронӣ намуда, чавононро барои дӯсчт доштани Ватан, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва расидан ба қадри заҳмату меҳнати  насли калонсол ҳидоят намуд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg