ВОКУНИШ. Нақши рӯбоҳ дар бештари афсонаву ривоятҳо ва қиссаву нақлҳо шабоҳат аз маккориву ҳиллаву найранг ва дурӯғу буҳтонро мемонад. Ба мисли қаҳрамони мақолаи имрӯзаи ман. Дар асл Кабирӣ рӯбоҳсифатест, ки нақши саги бовафоро бозӣ мекунад.
Лек баъди пахши садои Кабирӣ бо яке аз маъшуқаҳояш аз ҷониби Додоҷон Атавуллоев (рафиқи қарини Кабирӣ) бонбае кафиду хасу хошок ва ифлосиҳои “ЛИДЕР”-и “Паймони миллии Тоҷикистон”, “Гурӯҳи -24”, “Ҷунбиши ислоҳоти Тоҷикистон”, “Минбари муҳоҷир”, “Наҳзати ислом” ва ҳазорон номҳои бахуд хоси аъзои ТЭТ ҳизби мамнуъгаштаи наҳзати исломӣ кулли сайёраро пахш кард. Фазое, ки симои разилонаву бадхоҳона, зинокору гунаҳкор, бадхоҳу бадномзадаи наҳзат Кабириро инъикос кард.
Баъди тамоишо ва шунидани овози ғализи Кабирӣ бо маъшуқааш сари як суҳбат бо дӯстам оид ба солҳои фаъолияти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон будани Кабирӣ ёдовар гардидем. “Овози дар навор пахш гардида, сад дар сад овози Кабирӣ аст ва ҳатто солҳои фаъолияти ман дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ доимо назди Кабирӣ занон ба қавле рӯзноманигорон бо сатру ҳиҷоб меомаданд ва баъди ворид шудан ба утоқи кории Кабирӣ дари ҳуҷраи кориро аз дарун мебаст ва ё ба қавле қулф мекард” гуфт, дӯсти ҳамсуҳбатам.
Агар Худованд имонро аз бандаи мусалмон бигирад, ӯ қодир ба ҳама кор будааст, ба мисли Кабирӣ, ки худро роҳбари минбари исломиён ва ё ғамхори халқу роҳнамои исломиён медонад.
Ҷойи дигар Кабирӣ дар бораи бенамоз будани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардида, хондани намози Пешвои миллатро зери савол бурдааст.
Ислом фардо рӯзи қиёмат аз Подшоҳ пеш аз рӯзаву намоз адолату накӯкориро мепурсад, ки ин нишонаҳои аслии як Подшоҳи мусалмон аст.
Месазад, ки дар ин ҷода мо соҳибватанон барои худ пеш аз ҳама аз дарсҳои худшиносии миллӣ ва ватанпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабақи дастуру ҳикмат бигирем. Дар ёд дошта бошем, ки Пешвои миллат бо ҷаҳду талошҳои ватанпарастонаашон Тоҷикистонро имрӯз ба сангари ягонаи донишу фарҳанги ҳама порсоён ва тоҷикони ҷаҳон, ҷилвагоҳи воқеии фарҳанги ростини порсии тоҷикӣ табдил доданд. Аз оғози эҳёи Тоҷикистони навин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манбаи илҳоми ҷомеа ва қутбнома, асосгузор ва илҳомбахши ғояи ваҳдати миллӣ, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Раиси Анҷумани тоҷикон ва ҳамзабонони бурунмарзии мо буда, аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳамчун Пешвои асри 21 ва яке аз 500 мусулмони беҳтарини дунё пазируфта шудаанд, ки боиси ифтихору сарфарозии мост.
Воқеияти кунунӣ ин аст, ки биёед ба бетарафӣ хотима гузошта, бар зидди хурофоту таассуб ва ҷаҳолату мазҳаббозӣ фаъолият нишон диҳем, то тавонем ин сулҳу Ваҳдат ва ин Истиқлолияти комили давлатиро мисли як гавҳараки чашм нигоҳ дорем.
Абдуллозода Саёҳат, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон