АНДЕША. Оре, дар ҳақиқат Ватанамон- Тоҷикистон биҳишти рӯи замин аст. Дар бораи Ватан ҳар чи қадар сухан гӯем, ҳар чи қадар таърифу тавсифаш кунем суханамон поён намеёбад. Вақте, ки бо як ҳисси зиёд, бо як ҳиссе, ки ифоданашаванда аст Ватан мегӯям, вуҷудам ба ларза меояд.
Даме, ки ман Ватан гӯям, ба васфи он сухан гӯям,
Диёре дар назар дорам, ки бо он шоду озодам.
Ба ҳар кӯяш гузар дорам, расад ҳар дам ба фарёдам,
Тоҷикистон номи неки ӯст, чу ҷонам дорам ӯро дӯст!
Ватан! Чӣ калимаи муқаддасу азиз аст. Ҳар як фарди ватанпарвару миллатдӯст бо ҳисси саршор аз меҳру муҳаббат ва ифтихор ин калимаи муқаддасро ба забон оварда, фахр аз он мекунад, ки ӯ Ватани ободу зебо ва беназир дорад.
Ватан! Ту мояи ифтихор, шаъну шараф, нангу номус ва обрӯю эътибори мо ҳастӣ. Ту азизтарин сарвату неъмат ҳастӣ, ки насиби мо фарзандонат гардидаӣ. Бале, ҳар даме, ки мо Ватан мегӯем ва бар васфи он сухан меронем, пеши назарамон диёри сарсабзу хурраму обод ҷилвагар мешавад. Ва ин диёри арҷманд – Тоҷикистон ном дорад.
Аз соҳибистиқлолии кишвар 29 сол гузашт. Ҳарчанд дар ин муддат мушкилоту монеаҳо вуҷуд доштанд, Тоҷикистон роҳи пуршараферо тай намуд. Мардум бо сарварии фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон баҳри бунёдкориву созандагӣ камар баст ва ин суханони Пешвои миллат мағз андар мағзи ҷон ҷой гирифтааст: “Мо як давлат, як Ватан ва як Модар дорем, ки номаш Тоҷикистон аст.”
Ман ҳамчун як фарди ин кишвари озод боэътимод метавон арз намоям, ки бо нерӯи ақлонӣ ва ҷисмонӣ мо метавонем Истиқлолияти давлатии худро ҳифз намоему ватанамонро ободу зебо гардонем. Бешубҳа, оромиву шукӯҳ ва шукуфоии Ватан ба масъулияти ҳар як сокини он вобаста аст. Агар кишвар орому осуда ва дар саросари он сулҳу субот ҳукмрон бошад, нозу неъмат фаровон гашта, муҳаббати мардум низ меафзояд.
Бояд зикр намуд, ки муҳаббат ба Ватан асосан дар давраи кӯдакӣ зоҳир шуда, минбаъд ташаккул меёбад. Инсон ба ҳар зарра хоку ҳар қатраи оби Ватан ончунон дил мебандад, ки бе он наметавонад хушбахт бошад. Бинобар ин мо ҷавононро зарур аст, ки Ватанамонро бо меҳнати софдилона обод намоем ва барои пешрафту гулгулшукуфоии Ватанамомон -Тоҷикистон ҳамеша омодаву саҳмгузор бошем.
Зикри дили ман ҳамеша номи Ватан аст,
Авроди забони ман каломи Ватан аст.
Ман восифи ишқи Ватани маҳбубам,
Феҳристи китоби ман мароми Ватан аст.
Мирзоева Гулрухсор, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ