БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФИ АСОСИИ ҲХДТ ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА БА МАРДУМ АСТ

ПАНҶ.  Бо ташаббуси масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Регистон» бо аъзо, фаъолони ҳизб вохӯрӣ барпо гардид.

Дар ҷамъомад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ  Файзизода Каримҷон оид ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар, хизмат ба Ватан – қарзи шаҳрвандӣ, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо,таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, риояи қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, самаранок истифода бурдани ҳар як қитъаи замин, пешгирии паҳншавии бемории сироятии короновирус сухан ронд.

Инчунин, мавсуф  бобати дар амал татбиқ намудани Аксияҳои ҳизбии «Якҷоя месозем!» ва «Беҳтарин сарфакори неруи барқ» ба сокинон маълумоти муфассал дода, аз ҳар яки онҳо даъват ба амал овард, ки татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ба манфиати сокинон мебошад.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg