БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИЗМ ҲАМЕША ХАТАР ЭҶОД МЕКУНАД

ВОКУНИШ. Терроризму  экстремизм зуҳуроти  номатлубест,  ки ҳамеша  ба  давлату  миллат хатар  эҷод  намуда,  имрӯз ҷомеаи  ҷаҳониро  ба  ташвиш оварда,  амнияти давлату миллатҳоро  зери хатар  гузоштааст.  Терроризму  эктремизм сарҳад надорад.  Он  метавонад,  дар  ҳар  лаҳза зуҳур  намояд  ва  амали хатарнокеро ба иҷро расонад.

Чунин  ҳолатро  мо дар  кишвари  худамон  ҳам нисбати  сайёҳони  хориҷӣ мушоҳида намудем. 

Ҳақ  ба  ҷониби  Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   аст, ки гуфтааст: “террорист Ватан, миллат ва  дину  мазҳаб  надорад”. 

Террористон  ба касе ва ё  чизе  раҳму  шафқат надорад.  Дар  ҳар як  амали  ваҳшатбори  террористӣ дар қатори  низомиён садҳо нафар одамони  бегуноҳ,  занону  кӯдакон,  мӯйсафедон ба  қатл  расонида  мешаванд. Имрӯз  доираи  фаъолияти террористиву  экстремистӣ то  рафт  васеъ  шуда,   сарҳадҳои  давлатиро убур  намуда,   ба  як шабакаи  байналмилалӣ табдил ёфтааст. Пӯшида  нест,  ки  дар мубориза  ба  ин  вабои аср давлатҳои  қудратталаб   муносибати  духӯра  доранд, ки ин ба домон паҳн намудани терроризму экстремизм мусоидат менамояд. Онҳо аз  як тараф  террористонро  дастгирӣ  намоянд,  аз тарафи дигар ба муқобили  онҳо  мубориза  мебаранд. Терроризму  эктремизмро,  ки  алҳол  мавҷуд  аст,   ба  терроризми иҷтимоӣ- инқилобӣ,  терроризми этникӣ-  миллатгароӣ ва  терроризми  динӣ  ҷудо  менамоянд,  ки  маъмултаринаш терроризми  динӣ  эътироф  гардидааст.

Дар  мубориза ба  терроризму  экстремизм дар  ҳолате мо дастболо  мегардем, ки дар  бораи  он маълумоти  муфассал дошта бошем,   мақсаду  нияти  ғаразонаи  ниҳоии  онҳоро донем.  Барои донистани  терроризму экстремизм  ҳамагон  – оила, мактаб ва ҷомеа  вазифадоранд, ки  насли наврасро дар  рӯҳияи  ватандӯстиву  хештаншиносӣ ва  мубориза  алайҳи  падидаҳои номатлуб,  аз ҷумла  терроризму  экстремизм тарбия  намоянд.

Миралӣ Назаров, муҳақиқ, аъзои гурӯҳи таҳлилии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg