БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мубориза алайҳи терроризм ба хотири амнияту суботи ҳар хонадон

ҶАЙҲУН. Бо мақсади таъмини иҷрои нақша – чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун миёни аъзои ташкилоти ибтидоии «Фароғатгоҳи дӯстӣ» вохӯрии судманди ҳизбӣ перомуни баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз хатари терроризму экстремизм ва роҳҳои ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои экстремистиву террористӣ, бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Фарҳод Обидов доир гардид.

Зимни баргузории вохӯрӣ Фарҳод  Обидов атрофи мавзӯъи болозикр муфассал суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки ҷавонони имрӯзаи мо аз таълиму тарбия ба каҷфаҳмию тундравӣ пайравӣ намуда, баъзе аз фарзандон аз сустиродагӣ фирефтаи ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ шуда, аз муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Русия тарифи давлати Туркия ба хоки ҷангзадаи Сурия гузашта, ба дигар мазҳабу ҳаракатҳои тундрави динӣ-мазҳабӣ шомил мегарданд.

Маҳз таблиғоти беназорати ҷараёнҳои динӣ-ифротӣ аст, ки ҷавононро бо ваъдаҳои дурӯғ аз ақл бегона сохта, онҳоро шомили ҳар гуна ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ месозанд.

Аз ин рӯ, мо тоҷикистониёнро месазад, ки ҷиҳати пешгирии гаравиши ҷавонон ба дигар ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар таълиму тарбияи насли наврас бетараф набошем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg