ХУРОСОН. Бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон, сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ғуломов Саидасрор ва раиси ташкилоти ибтидоии “Ситорача” Раҳимова Парвина вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Саидзода Раҳмон оид ба ҳадафҳои барномавии ҳизб, нисбати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар самти шаҳру тавзеҳ ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар самти мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли соҳаҳои иҷтимоӣ, олимон, зиёиёни эҷодкор ва ходимони дин, ки аз 12 майи соли 2018 бармеояд ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, суханронӣ намуд.
Баъд аз баргузории вохӯрӣ Саидзода Раҳмон Азим бо тарзи ҳуҷҷатгузорӣ, ташкили шиору овезаҳои ҳизбии ташкилоти ибтидоии “Ситорача” шинос гардида, оид ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта тавсияҳои судманд дода шуд.