ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси аъзову ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “А.Лоҳутӣ” Аксияҳои ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ва “Якҷоя месозем!” корҳои ободонӣ баргузор гардид.
Дар ин ҳашар сокинони деҳаи мазкур ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ барои кишти баҳорӣ қубурҳои обгузарро тоза намуда, 60 метр қубурҳои нав хобонданд.
Бояд қайд кард, ки имрӯзҳо дар ноҳияи Ҷайҳун бо ташаббуси ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ тозакунии ҷӯйборҳо ва заҳбуру заҳкашҳо баҳри кишти баҳорӣ идома дошта, ин иқдом метавонад ба гирифтани ҳосили хуби маҳсулоти кишоварзии деҳқонони ноҳия мусоидат кунад.