БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАНОН ҚАДРШИНОСӢ КАРДА ШУДАНД

КӮЛОБ.  Дар тамоми гӯшаву канори мамлакат бахшида ба Рӯзи Модар чорабиниҳои гуногун роҳандозӣ гардиданд. Бахшида ба Рӯзи Модар дар қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб чорабинии сиёсӣ – фарҳангӣ баргузор карда шуд. Зимни он узви Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, раиси шаҳри Кӯлоб  Вализода Абдуқодир Исуф иштирок ва баромад карда, занону бонувонро ба ин рӯзи фараҳбахш табрику муборакбод гуфт.

Дар баробари ин, бо иштироки узви Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, раиси шаҳри Кӯлоб  Вализода Абдуқодир Исуф як қатор занони фаъоли ҳизбӣ бо Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб қадршиносӣ шуда, дар фазои тантанавӣ ба онҳо тақдим карда шуд.

Сипас, аз ҷониби ҳунармандони шаҳри Кӯлоб консерти идона роҳандозӣ гардида, ҳамчун дастагул ба аҳли толор пешкаш карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg