КӮЛОБ. Бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунавараи Бозоралӣ бахшида ба “Рӯзи Модар” ба аёдати яке аз занҳои фаъол, мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №3 Гулмадова Зумрат рафта, ин модари мушфиқу меҳрубонро бо туҳфаҳои таъсисдодаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб қадрдонӣ намуд.
Бояд гуфт, ки занон ва дастгирии онҳо дар меҳвари сиёсати ҲХДТ қарор дошта, нисбати онҳо пайваста ғамхорӣ зоҳир карда мешавад.