БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ ДАСТУРАМАЛ БАРОИ МО

ЁВОН. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкилоти ибтидоии “Заминсоз” бо иштироки  аҳли кормандони ташкилоти мазкур суҳбату вохӯрӣ баргузор гардид.                

Зимни суханронӣ мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Расулов Ғолиб оид ба Паёми имсола ибрози ақида намуда, қайд кард, ки дар пайравӣ аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа, шахсони пиру барҷомонда ва ятимону маъюбон вазифаи муқаддаси ҳар яки мост. Ҳамзамон мудири шуъбаи татлиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Нозиров оид ба гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва риояи талаботи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” суханронӣ намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg