ДӮСТӢ. Дар доираи омодагиҳо барои сазовор пешвоз гирифтани Наврӯзи байналмиллалӣ ва 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар кӯчаву деҳаҳои Ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистони ноҳияи Дӯстӣ бо иштироки аъзову ҷонибдорони ҲХДТ ҳашари дастаҷамъона баргузор карда шуд.
Сокинон дар ин чорабинии муҳим кӯчаҳо ва гирду атрофи маҳали зисти хешро тозаву озода намуда, дар ободонии маҳал саҳми арзандаи худро гузоштанд. Инчунин, дар ин раванд бо иштироки узви фаъоли ҲХДТ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ Р. Абдуллоев ва С. Навкаров зиёда аз 500 метр роҳҳои деҳаи Кӯҳдомани ҷамоати деҳоти мазкур аз нав таъмир ва сангфарш карда шуд. Барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои дарпешистода, аз ҷумла мусобиқаҳои гуштингирӣ ва бузкашӣ дар доманакӯҳи деҳаи Кӯҳдоман ҷойгоҳ барои зиёда аз 1000 нафар тамошобинон омода карда шудааст, ки дар фасли баҳор хеле манзараи зебо дорад.