ДӮСТӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Матбаа» суҳбату вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар маҷлис мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ С. Юсупов иштирок намуда, оиди нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф зада, афзуд, ки имрӯз нақши васоити ахбори омма дар инъикоси сиёсати дохилию хориҷӣ, пешрафту ободии Ватан, мақолаҳо дар самти пешгирӣ аз ҳаргуна зуҳуроти номатлуби замон, ки дар сомонаҳои иҷтимоӣ рӯх медиҳад, созанда буда, барои огоҳонидани мардум аз ҳамагуна хабару гузоришҳо мусоидат мекунад. Инчунин, дар идомаи суҳбат доир ба дигар масъалаҳои мубрами рӯз андешаронӣ карда шуда, ҷамъомадагон барои таблиғу ташвиқи ғояҳои созандаи ҲХДТ раҳнамоӣ гардиданд.