БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФАЪОЛГАРДОНИИ ШАҲРВАНДОН БО МАҚСАДИ РУШДИ КОРҲОИ ХОҶАГИДОРИЮ КИШОВАРЗӢ

АНДЕША. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои нахустини роҳбарии хеш, барои баровардани мардум аз фақру камбизоатӣ ба ҳар хонаводаи кишоварзон замин бахшида буд, ки имрӯз ба унвони заминҳои президентӣ шинохта мешаванд. Мардум аз ин заминҳои кишт чӣ мегиранд? Бештари онҳо дар он заминҳо гандум кишт мекунанд, на барои фоида ба даст овардан, балки ба хотире, ки гандумкорӣ заҳмати зиёдеро намехоҳад: трактори кироя заминро кишт мекунад ва комбайни кироя ҳосилро меғундорад. Дар як гектар замин танҳо кишоварзӣ  нисбатан боғайрат 5 халта гандум корида, тақрибан 18-20 халта мерӯёнанд ва ҳамон миқдор гандум барои таъмини рғзгори сокинон мусоидат менамояд.   Аз порчаи замини назди ҳавлиаш низ андаке бошад ҳам картошкаву пиёзу лӯбиё ва ҷуворимакка ҳосил мегирад. Аммо мебояд андеша кунем, ки масалан дар сурати коштани картошка, аз даромади ҳосили он метавон беш аз 20 халта орд, 1 халта шакар,1 халта биринҷ ва сару либосу  китобҳои кӯдаконро харид. Аксари соҳибони заминҳо ба чунин корҳо даст намебаранд, зеро заҳматталаб мебошад. Аксариятамон дар деҳот 8-10 сотих замини наздиҳавлигӣ дорем ва на бояд онҳоро беистифода гузорем.

Агар ба дарахтони ҳавлиамон нигоҳубини дурустро ба роҳ монем, аз меваи он на танҳо худ истифода мекунем, балки ба фурӯш низ бароварда даромади муайян ба даст меорем. Ҳамзамон, фаҳмонидан лозим,ки ягона роҳи дарёфти кор дар муҳоҷирати меҳнатӣ нест. Ҷои кор ҳамин заминҳои пеши хонамон буда, манбаи даромад, ин фикр карда роҳҳои баланд бардоштани самаронокии ҳосилро дарёфтан аст.

Мо агар дар Ватани худ бо дарки масъулият ба кӯчактарин амал даст занем, самараи онро мебинему назди ҳамдеҳагон ва оилаи худ хоҳем монд. 

Иботов Диловар,  мудири бахши омори КИ ҲХДТ дар ноҳияи  Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg