ВОСЕЪ. Дар толори муассисаи таълимии №10-и ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ аз тарафи гурӯҳи корӣ вохӯрӣ гузаронида шуд.
Вохӯрӣ бо мақсади ҷалби ихтиёрии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, дар он беш аз 300 нафар сокинон иштирок варзида, зимни суҳбат раиси ҷамоати мазкур Мирзоев Сайҷаъфар оид ба қарзи ватандорӣ, хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳар гуна ташкилотҳои террористию экстремистӣ суханронӣ намуд.
Ҳамзамон, зимни суханронии хеш муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Мирзоев Сафаралӣ даъват ба амал овард, ки бояд ҳар нафар дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошаду барои хуррамии диёр саъю талош намояд.