БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РУШДИ МАҲАЛ ВА ОМОДАГИҲО БАҲРИ ИСТИҚБОЛИ САЗОВОР АЗ 30-СОЛАГИИ ИСТИКЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Ш.ШОХИН. Дар Ҷамоати деҳоти  Шӯрообод  маҷлис доир ба масъалаҳои омодагиҳои сокинон ба ҷашнвораҳои миллӣ, саҳмгузории ҳар як сокин  дар рушди маҳал, мусоидати дастаҷамъона баҳри  даъвати баҳории наваскарон  ва инчунин  дастуру супоришҳои дар Паёми  навбатии  Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироагардида доир гардид.

Дар маҷлиси мазкур намояндагони Кумитаи иҷроияи  ноҷиявии ҳизб иштирок намуда, зимнан раиси маҳалла Файзуллоев Набихон ба сухан баромада, доир ба тозаву озода нигоҳ доштани маҳали зист ва мусоидати дастаҷамъона баҳри даъвати баҳории наваскарон ибрози андеша намуд.

Баъдан собиқадори ҳизб Зарифов Мирмад доир ба омодагиҳои сокинон барои  сазовор истиқбол намудан аз 30-солагии Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон суханронӣ намуда, сокинонро ҷиҳати саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ даъват кард.

Қисмати интиҳоии  маҷлис бо саволу ҷавобҳои тарафайн анҷом ёфта, сокинон ба саволҳои худ посухҳои қонеъкунанда гирифтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg