Н.ХУСРАВ. Нуктаҳои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони деҳаю маҳаллаҳои ҷамоатҳои деҳот, муассисаҳои таълимӣ ҳамарӯза фаҳмонида мешавад.
Дар ин хусус масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб бо ҷавонон- сокинони деҳаи Олтинсойи Ҷамоати деҳоти Истиқлол дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 7 суҳбату вохӯриҳо баргузор намуданд.
Дар суҳбат масъулин ба ҷавонон вазъи мураккаби сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии давлатҳои пешрафта, таъсири бемории сироятии коронавирус дар рушди иқтисоди давлатҳои сайёра, сатҳи огоҳии сокинон оид ба пешгирии беморӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, истифодаи самаранок ва сарфакоронаи нерӯи барқ, ба роҳ мондани корҳои созандагиву ободонӣ, амалӣ намудани Аксияҳои ҳизбии «Якҷоя месозем!» , «Якҷоя ҳал мекунем!» мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамчунин қайд намуданд, ки ҳадафи Роҳбари давлат баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии ҷавонон ва дар навбати аввал, наврасон, тақвияти ҳисси миллӣ,ватандӯстиву ватанпарварӣ, рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишварамон мебошад. Бо мақсади боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб намудани наврасону ҷавонон,олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявии «Или- фурӯғи маърифат» гузаронида мешавад.
Инчунин, дар идомаи сухан намояндагони ҳизбӣ ба ҷавонон муроҷиат намуда, таъкид карданд, ки ба мову Шумо зарур аст, ки дар татбиқи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ бошем ва бо кору амали созанда ва хониши аълои худ дар таъмини рушди устувори иқтисодии кишварамон саҳми шоиста гузорем.