БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОҲҲОИ ДЕҲАҲО ОБОД ГАРДИДА ИСТОДААНД

Н. ХУСРАВ. Бо  мақсади  сазовор  истиқбол  намудани  ҷашни  Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  иди  Наврӯзи байналмилалӣ ташкилотҳои ибтидоии  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав корҳои  ободонию бунёдкориро ҳаматарафа ба  роҳ монда,  барои  боз  ҳам  беҳтар  намудани   симои   деҳот  ва  муҳайё  сохтани  шароити  зиндагии  осоиштаи  сокинон дар ростои  «Соли  шинохти  бештари  манфиатҳои  миллӣ»   як қатор корҳоро ба анҷом расонида истодаанд. 

Бо  ташаббуси  Кумитаи  иҷроияи ноҳиявии ҳизб  ва  дастгирии  сокинони  деҳаи  Корвони  Ҷамоати  деҳоти Наврӯз Аксияи ҳизбии  «Якҷоя  месозем!»  баргузор  гардида,   роҳи  даромади   деҳа   ба   масофаи  2  километр  сангфарш  карда шуд.Сокинон  низ иқдом  гирифтанд, ки  бахшида  ба   истиқболи  30-  солагии  Истиқлолияти  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамаи  роҳҳои  дохили кӯчаҳои  деҳаро  сангфарш  намоянд ва чашни пурифтихори 30-солагии Истиқлолро бо дастовардҳои назаррас ҷашн гиранд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg