БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАСЪУЛИЯТШИНОСӢ НИСБАТИ ИҶРОИ ВАЗИФАИ ХИЗМАТӢ ҲАТМИСТ

ХОВАЛИНГ. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг ба ҳамагон  фаҳмонида додани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ҳамчунин ҳидояти  бошандагони диёр  ба иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз ин ҳуҷҷати роҳнамо бармеояд, мебошад.

Бо мақсади шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Саидҷалол Сатторов дар Идораи ободонии ноҳия   ҷамъомад гузаронида шуд, ки дар он аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон   иштирок намуданд.

Саидҷалол Сатторов дар баромадаш қайд намуд, кимуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём дар бораи  вазъи сиёсии ҷаҳон, сиёсати дохилию хориҷии кишвар, хатари афзояндаи терроризму экстремизм, ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои террористӣ, риояи қонун ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд. Дар охир иштирокдорон вохӯрии  мазкурро муҳим арзёбӣ карда, аз он таассуроти нек бардоштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg