
ХОВАЛИНГ. Дар асоси нақшаи кории шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг оид ба омӯзиши Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и ноҳия бо хонандагони синфҳои болоӣ вохӯрӣ доир карда шуд.
Дар вохӯрӣ Исфандиёр Саидмаҳмудов мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занон ба сухан баромада, муҳтавои Паёми Пешвои миллатро ба аҳли нишаст ба таври муффасал фаҳмонида, аз хонандагон даъват ба амал овард, ки донишу малакаи худро сайқал дода, дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фуруӯғи субҳи доноӣ китоб аст!”, “Тоҷикистон Ватани азизи ман!” ва “Имл фурӯғи маърифат” ширкат варзида, ҷойҳои сазоворро ишғол намоянд.