БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДОНИШИ ҲИЗБИЁНРО БОЗ ҲАМ МУКАММАЛ НАМУД

ҲАМАДОНӢ. Дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ семинари омӯзишӣ оид ба “Роҳнамо барои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ” бо раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии  “Ҳифзи муҳити зист”, “Обу ташноб ва канализатсия”, “Кӯдакистони №1”, “Маркази ташхиси бойторӣ”, “Маркази бемориҳои сил”,  “Бахши САҲШ”, “Гулобод”,  “Кодара 1”, “Панҷрӯд”, “Кодара 2”, “С. Гадоӣ”, “Ҷамоати Даштигуло”, “Тагноб”, “Даштигуло” доир гардид.

Семинарро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ Ғаффорзода Давлатҷон ифтитоҳ бахшида, дар бораи моҳияти  “Роҳнамо барои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ” муфассал суҳбат намуд. Баҳсу мунозираҳо оид ба бандҳои тартиби ба қайдгирии узви ҳизб, тартиби боздоштани узвият дар ҳизб, ҳуқуқу уҳдадориҳои ҳизб ва ҳаракати аъзои ҳизб миёни иштирокдорони семинар ҷараён гирифта, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба худ маълумоти бештар гирифтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg