БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРРУПСИЯ АМАЛИ НОМАТЛУБ!

АНДЕША.  Мақсади ҳар як ҷомеа, ҳар як давлат ва роҳбарияти сиёсии он ташкилу таъмини ҳаёти хушу хуррам ва осудаву ороми халқу диёраш, сарсабзӣ ва сарбаландии миллаташ дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Вале барои ба ин ҳадафҳои воло расидан ғайриихтиёр монеаҳои зиёде пеш меоянд, ки барои рафъи онҳо кӯшишҳои дастаҷамъонаи зиёде лозиманд.    Мавриди зикр аст, ки инсоният имрӯз ба хатарҳои нави глобалӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир, буҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва дигар хатарҳои нав ба нав рӯ ба рӯст. Айни замон ба ин хатарҳо боз коррупсия зам шудааст. Коррупсия низ дар ҷомеа реша давондааст, ки зарари он нисбат ба хатарҳои зикршуда камтар нест ва ба онҳо алоқамандии зич дорад.                                                                     

Чуноне, ки аз муқаррароти моддаҳои 1,5,10 ва 14-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ҳуқуқҳои асосӣ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат кафолат додааст ва инчунин уҳдадор аст, ки барои амалӣ намудани онҳо шароит муҳайё созад. Ин муқаррарот, инчунин дар қисми 2-и моддаи 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ки тибқи он «Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як шахс шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад».                      

Барои расидан ба ҳадафҳои дар болозикргардида зарур аст, ки корҳои назаррасе барои бартараф намудани ин мушкилотҳо ба сомон расонад.Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия, маҳз ба хотири мубориза алайҳи коррупсия, пешгирии сабаб ва омилҳои ба пайдоиши ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда ва решакан намудани онҳо 31 октябри соли 2003 қабулшуда, баҳри амалӣ кардани ин мақсад чораҳои мушаххас пешбинӣ намудааст.                                 

Муҳимияти ин ҳуҷҷати Созмони Милали Муттаҳидро ба назар гирифта Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, 25 сентябри соли 2006 ба он имзо гузошт. Конвенсияи мазкур 16 апрели соли 2008 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст ва минбаъд қисми таркибии системаи ҳуқуқии мо ба шумор рафта, ҳамаи қонунҳои қабулгардида ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шуда истодаанд.                                                                                  

Қонунҳо, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумат, ки дар давраи соҳибистиқлолии кишвар ба тасвиб расидаанд, гувоҳи гуфтаҳои боло ва диққати ҷиддии Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти мубориза бар зидди коррупсия мебошанд. Дар Паёмҳои ҳамасолаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар низ ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода мешавад ва онҳо аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои давлатӣ ва табақаҳои гуногуни аҳолӣ пазируфта шуда, зина ба зина дар амал татбиқ мегарданд.                                                               

Чи тавре, ки ба ҳамаи мо маълум аст: Коррупсия яке аз масъалаҳои доғи рӯзи тамоми мамлакатҳои ҷаҳони муосир, аз он ҷумла Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Аз рӯзи аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи мақомотхои ҳифзи ҳуқуқ ва махсусан Президенти мамлакат барои паст намудани чунин падидаи номатлуб ва мубориза бо коррупсия муборизаи беамони худро бурда истода ва нисбати ин масоил диққати махсуси худро додаанд.

«Коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда, садди роҳи инкишофи ҷомеа мегардад. Мубориза бар зидди ин падидаи нангин ва паст кардани он ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст».                             

Коррупсия воқеан яке аз ҷиноятҳои хавфноки сиёсӣ ба ҳисоб меравад, ки он барои амалӣ гардидани барномаҳои иҷтимоию иқтисодии давлат монеъа эҷод карда, намегузорад, ки  маблағҳои давлатӣ  барои барномаҳои пешбинишуда равона  гарданд. Он метавонад нобоварии шаҳрвандонро нисбат ба давлату ҳукумат ва сиёсати пешгирифтаи он ба амал оварда, минбаъд барои ҷинояткорӣ ва ба сари мақомотҳои қудратӣ омадани шахсони тасодуфӣ заминаи асосиро гузорад.                                                              

Воқеан, «Коррупсия ба пешрафти иқтисодиёти кишвар халал мерасонад, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад.                                                        

Биёед, баҳри таъмини зиндагии шоистаи мардум камари ҳиммат баста, ба амалҳои ғайриқонунӣ даст назанем. Саҳми мо барои пешгирӣ намудани амалҳои номатлуб нисбати коррупсия хело ҳам калон аст. Зеро дар ҳаёти ҳамарӯзаамон мушоҳида мекунем ва мебинем, ки касоне, ки дучори ин мушкилот шудаанд, ҳам ба иқтисодиёти худ ва ҳам ба иқтисодиёти оила зарари калон ворид кардаанд. Пас мебояд, ки қаноатро пеша карда баҳри зиндагии шоиста камари ҳиммат бандем ва барои таъмини оила аз меҳнати ҳалол истифода кунем. Зеро ки дар меҳнати ҳалол оромиши хотир ва осудагист.

Нозиров Хайём, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg