БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Пешвои миллат ҳомӣ ва ғамхори мардуми кишвар аст!

ХОВАЛИНГ. Бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг Сафар Халилов ҳамарӯза дар ташкилоту муассиса, хоҷагӣ ва деҳаҳои ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Ховалинг оид ба фаҳмонидани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар суҳбату воҳӯриҳо доир карда мешавад.

Чунин суҳбат  дар Беморхонаи марказии ноҳия гузаронида шуд.

Дар мулоқот дар қатори  раиси Кумитаи иҷроия аъзои ҲХДТ Гулбарг Аҳророва, Ҷангихон Одинаев, Хуршед Норов, Марвории Одиназода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Иштирокдорон дар вохӯрӣ оид ба масъалаҳои дар мулоқот баёнгардида, мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ, пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, иҷрои талаботҳои қонунҳои миллӣ, тарбияи фарзандон, истифодаи самараноки нерӯи барқ, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, ба корҳои хайру савоб ва бунёдкорӣ равона намудани маблағҳои хайриявӣ маълумоти кофӣ дарёб намуданд. Ҳамчунин онҳо ба ҳамаи суолҳои худ ҷавобҳои қаноатбахшкунанда гирифтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg