БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН ВА ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

«Ҳоло дар назди ҷавонон масъалаҳое қарор доранд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ дарку ҳалли онҳо аз ҷавонони мо дониши амиқ, ҷаҳонбинии замонавӣ ва муҳимтар аз ҳама, ҳисси баланди миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва самимона дӯст доштани Ватанро талаб менамояд».

                    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

АНДЕША. Ибораи «тарзи ҳаёти солим» ба маъноҳои зиёд истифода мешавад, ки умдатарини онҳо «андешаи солим доштан», «хирадпешагӣ», «инсондӯстӣ», «худшиносӣ» ва «обу тоби бадан» мебошад. Ин мафҳумҳо маҳаки асосии адабиёти пурғановати форсӣ-тоҷикӣ ва суннатҳои аҷдодии моро ташкил медиҳанд ва он дастовардҳои маънавию фарҳангие, ки миллати моро дар тӯли таърих насиб гаштааст, маҳз дар заминаи тарзи ҳаёти солим доштани ниёгонамон ба вуҷуд омадаанд.

Мутаассифона, дар давоми як-ду даҳсолаи охир бархӯрди тамаддунҳо ва ба истилоҳ «ҷаҳонишавӣ»-и тамаддунҳо ба ҷавонону наврасон дар интихоби тарзи ҳаёти солим он қадар душвориҳо ба вуҷуд овардаанд, ки назирашро гузашта ба ёд надорад. Асри интернет дар баробари манфиатҳои беҳисоб осебҳои беҳисоберо низ ба дарку фаҳми инсоният, алалхусус, ҷавонону наврасон ворид намудааст.

Дуруст аст, ки ҷаҳони интернет ба монанди як донишгоҳи серсоҳа аст. Аммо набояд фаромӯш кард, ки илм ба дасти худношинос ба мисли шамшери қаттолест ва ҳар лаҳза бими маргу даҳшат меангезад. Аз интернет ҳамон касе метавонад фоида баст орад, ки худшинос аст.

Ҷойи афсӯсу надомат аст, ки имрӯз худношиносӣ ба мушкили аввалиндараҷаи ҷавонони мо табдил гаштааст. Аз тарзи ҳаёти солим дур шудан ва ба ҳаракатҳои ифротиву моҷароҷӯ пайвастани бархе аз насли наврас ҳам аз ҳамин мушкилӣ сарчашма мегирад. Дар зиндагии ҳаррӯза мушоҳида мекунем, ки баъзе ҷавонони мо на танҳо худшинос нестанд, балки ҳатто ба саволи «худшиносӣ чист?» ҷавоб гуфта наметавонанд, яъне ба маънии калимаи «худшиносӣ»  сарфаҳм намераванд ва сабаби инро ман дар он мебинам, ки насли наврас аз мутолиа парҳез мекунад.

Насли калонсол, аз лиҳози он ки се даҳсола пештар шуғли китобхонӣ дар байни мардум хеле маъмул буд, медонанд, ки маънии ифодаи «худшиносӣ» дар саҳифаҳои китобҳои афсонавӣ, бачагона, тарбиявӣ ва ишқиву ирфонӣ нуҳуфтааст. Аз дилхоҳ нафаре, ки то солҳои 80-ум мактаби миёнаро хатм кардааст, бипурсед, ки чанд китоби бадеӣ хондааст? Коҳилтарини онҳо ба шумо ҷавоб медиҳад, ки 20 ё 30 китоб хондааст. Ҳоло чи?

Таҳлилу пурсишҳо шаҳодат медиҳанд, ки хонандагони синфҳои 8-11 ба ҳисоби миёна 1 ё 2 китоби бадеиро мутолиа кардаанду халос. Албатта, аз миёни хонандагони як синф ёфт мешавад талабае, ки 10-12 китоб хондааст, вале ин қабил наврасон ангуштшуморанд.

Пас, маълум гашт, ки иллати «худшинос» нашудани як идда фарзандони мо аз мутолиаи китоб  дур будани онҳост. Онҳо хонданро дӯст намедоранд ва ҳатто баъзан  иддао мекунанд, ки «рӯзи дароз дар сари китоб» нишастан нишонаи ақибмондагист. Ақибмондагӣ аз чӣ?- бипурсед аз онҳо. Посухи ин савол барои онҳо душвор нест, мегӯянд, ки «ақибмондагӣ аз тамаддуни ҷадид» (тамаддуни ҷадид, яъне фаҳмиши дунё аз нигоҳи бегона).

Бале, имрӯз ағлаби ҷавонон он ҷаҳонибиниеро қабул медоранд, ки ба таври ноогоҳона аз ҷаҳони интернетӣ бардошт кардаанд. Дуруст аст, ки дар ҷаҳони интернет манбаъҳои ба илму дониш ҳидояткунанда кам нестанд, лекин манбаъҳои ба ҷаҳлу касофат барандаи он аз ҳадду ҳудуд берунанд ва мутаассифона, маҳалли будудбоши фарзандони мо имрӯз дар ҳамин ҳадду ҳудудҳост.   

Бояд аз роҳу усулҳое кор гирифт, ки аз боғчаву мактаб сар карда шавқу завқи кӯдакону наврасон нисбат ба КИТОБХОНӢ бедор шавад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар як суханронии худ доир ба таълиму тарбияи насли наврас изҳори андеша намуда, таклифу пешниҳодҳои мушаххас мекунад. Давлат ва ҳукумати мо дар ин самт чораандешӣ карда, қонуну қарорҳо ва барномаву стратегияҳои зиёдеро, аз қабили Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Консепсияи миллии тарбия”, “Барномаи тарбияи насли наврас барои солҳои 2013-2017” ва ғайраҳоро қабул ва тасдиқ намудааст, вале сад афсӯс, ки иҷрои талаботи ин санадҳои муҳимтарин аксаран дар рӯйи коғаз мемонанд.

Аввалан боғча ва баъд аз он мактаб дастгоҳҳое ҳастанд, ки инсон месозанд. Касе инкор намекунад, ки имрӯз ин дастгоҳҳои инсонсозӣ мо ба “таъмиру азнавсозӣ”-и капиталӣ ниёз доранд. Шояд зарурати қабул намудани Қонун “Дар бораи масъулияти омӯзгорон дар таълиму тарбияи шогирдон” ба миён омада бошад? Албатта, не! Санадҳои бисёре ҳастанд, ки омӯзгоронро ба масъулиятшиносӣ водор менамоянд. Роҳбари давлат дар ин бобат мефармояд, ки “Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст. Омӯзгорон вазифадоранд, ки наслҳои ояндаро дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ, заҳматдӯстиву ҳимматбаландӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкиму пойдории забони давлатӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ тарбия намоянд”.

Бо назардошти он ки аҳли маориф қувваи пешбаранда ва фаъоли ҷомеаи имрӯза ба шумор мераванд, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 23 январи соли 2015 вазифаҳои ин соҳаи калидӣ дар ояндаи наздик муайян гардидаанд: “Масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва сатҳи касбии омӯзгорон таваҷҷуҳи боз ҳам бештари масъулонро тақозо мекунад”.

Ин нишондоди саривақтии Сарвари давлат омӯзгоронро вазифадор мекунад, ки малакаву маҳорат ва дараҷаи касбияти худро такмил дода, ба тарбияи ахлоқии хонандагон ва истифодаи усулҳои инноватсионии таълим диққати хоса диҳанд. Маълум аст, ки сатҳи донишазхудкунии ҳар як хонанда ва муносибаташ ба таҳсил дар навбати аввал аз ахлоқу одоби ӯ вобастагӣ дорад. Мутаассифона, мушоҳида мегардад, ки сатҳи миёнаи одобу ахлоқ ва тафаккури хонандагон, муносибати онҳо ба донишандӯзӣ   қаноатмандкунанда нест ва дар бисёр мавридҳо мебинем, ки ҳатто хонандагони синфҳои болоӣ барои муайян намудани ҷойи сазовори худ дар зиндагӣ дар назди худ мақсад гузошта наметавонанд.

Пӯшида нест, ки мактаб ва махсусан, роҳбарони синфҳо дар шакл гирифтани тафаккури шогирдон ва муайян намудани ояндаи онҳо нақши асосӣ дошта, ба насли наврас барои дар ҷомеа пайдо намудани ҷой ва мавқеи шоиста кумак мерасонанд.

Аз ҳамин лиҳоз, бояд дар муассисаҳои таълимӣ ба фаъолияти бонизоми роҳбарони синфҳо эътибори ҷиддӣ дода, барои дар ботини хонандагон ба вуҷуд овардани тафаккури созанда ва бо мақсади ҳамчун шахсият тарбия ёфтани онҳо зарур аст, ки дар ҷараёни дарсҳои тарбиявӣ усулҳои таҷрибаи пешқадам ба таври васеъ мавриди истифода қарор дода шаванд.        

Устодони гиромиро зарур аст, ки бо истифода аз таҷрибаҳои пешқадам барои баланд бардоштани савияи донишҳои замонавии хонандагон усулҳои наву самаранокро бештар роҳандозӣ кунанд, зеро асри XXI  асри иттилоот аст ва хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар сурати пурра азхуд накардани ин фанни муосир наметавонанд ҳамқадами замон бошанд.

Таҷрибаи халқҳои пешрафтаи ҷаҳони муосир, аз он ҷумла ҷопонҳо нишон медиҳад, ки рушди соҳаи маориф кафолати аввалиндараҷаи рушди давлат аст. Агар мо- пешбарандагони соҳаҳои маънавиёт ва маорифу фарҳанг ҳамчун шаҳрвандони масъулиятшиноси давлат ва кишвари худ имрӯз дар назди қонун ҷавобгариро эҳсос накунем (тарбияи насли наврас дар ду дунё ҷавобгарӣ дорад), агар дар назди виҷдони худамон ҳисоботдиҳанда набошем, оянда моро намебахшад!

Дар охир мехоҳам батакрор бигӯям, ки маҳз мактабу муаллим метавонанд, тафаккури ҷавонони моро аз хатарҳои беҳисоб ва фитнаҳои бешумори ҷаҳони муосир эмин дошта, онҳоро ба сӯйи ҳадафҳои олии хайрхоҳона, инсодӯстона ва тараққипарварона раҳнамун созанд ва ҷомеаро аз вартаи ҳалокат наҷот диҳанд. Шоире хуб нагуфтааст, ки:     

Аз файзи Яздон хон аст мактаб,

Бар лаъли ирфон кон аст мактаб.

Бе ҷон ҷасадро қадре набошад,

Ҷисм аст инсон, ҷон аст мактаб.

Раҳматуллоев Мақсуд, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg